Алӣ Барот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алӣ Барот
Алӣ Барот
Таърихи таваллуд: 2 январ 1950(1950-01-02) (74 сол)
Зодгоҳ: Уротеппа ИҶШ Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда

Алӣ Барот - нависандаи муосири тоҷик, Узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Алӣ Барот 2 Январи соли 1950 дар оилаи усто Бароти Ҷумъаи оҳангар дар гузари Масҷиди сафед ба дунё омадааст. Вақте, ки дар дабистони №3 (ҳоло Мирзо Бобоҷонов) таҳсил мекард, меҳру муҳаббаташ ба адабиёт афзун гашт. Баъди хатми дабистон соли 1970 ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳр ба кор шурӯъ намуд. Ҳоло ба ҳайси мутахассис ифои вазифа дорад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахустин эҷодиёташ соли 1982 дарҷ гардидааст. Сипас чакидаҳои хомааш дар рӯзномаҳои "Паёми Истаравшан", "Ҳақиқати Ленинобод", "Ҳақиқати Суғд", "Адабиёт ва санъат" , рӯзномаи баниноҳиявии "Заҳматкаш" ва ғайра чоп шудаанд.

Маҷмӯаҳояш бо номҳои "Наход нашнохтед? (с.1998), "Э, офарин!" (c.2000) ва "Омада истед!" (с.2007) тавассути нашриёти ба номи Раҳим Ҷалил нашр шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.