Алӣ Одилшоҳ
Алӣ Одилшоҳ | |
|---|---|
| форсӣ: عادل شاه افشار | |
| |
| | |
|
| |
| 19 июн 1747 — 6 июл 1748 | |
| Пешгузашта | Нодиршоҳи Афшор |
| Ҷонишин | Ibrahim Afshar[d] |
|
|
|
| Таваллуд |
1719 |
| Даргузашт |
20 май 1749 |
| Оромгоҳ | |
| Падар | Ebrahim Khan[d] |
| Ҳамсар | Princess Ketevan of Kakheti[d] |
| Дин | ислом ва шиъа |
Одилшоҳ, Алиқулихон Афшор (озарбойҷонӣ: Adil şah) (1719—1749) — ҳокими Машҳад (1737—1747), дуюмин шоҳи Эрон аз сулолаи Афшориён (1747—1748), писари Иброҳимхон (ваф. 1738), бегларбеги Озарбойҷон, бародари калонии Нодиршоҳ[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар 1719 дар вилояти Хуросон таваллуд шудааст. Писари калонии Иброҳимхон (тақр. 1671—1738), ҳокими Озарбойҷон ва бародари Нодиршоҳ, шоҳи Форс буд. Модараш ҳамсари аввали Иброҳимхон, духтари Тавҳидхон Султон Афшор буд.
Дар 1737 Нодиршоҳ ҷиянаш Али Мирзо (Али Қулихон)-ро ҳокими Машҳад таъйин кард. Дар солҳои 1743—1747 Али Қулихон ба нерӯҳо ҳангоми саркӯб кардани шӯришҳои язидиён дар Курдистон, ӯзбекҳо ва қароқалпоқҳо дар Хоразм ва Систон фармондеҳӣ мекард. Дар апрели 1747 Нодиршоҳ ҷиянаш Али Қулихонро ҳокими Систон таъйин намуда, ӯро барои саркӯб кардани шӯриш ба ин вилоят фиристод. Аммо Али Қулихон дере нагузашта ба ҷониби исёнгарон гузашт. Дар июни 1747 худи Нодиршоҳ дар сари артиш барои саркӯб кардани шӯриш ба Систон ҳаракат кард. Аммо 20 июни 1747 дар Ҳабушон (Хуросон) Нодиршоҳ аз ҷониби сарлашкарони тавтиагараш кушта шуд.
Пас аз марги Нодиршоҳ фармондеҳони бузурги форс ва ашрофон барои интихоби шоҳи нав ҷамъ омаданд. Интихоби онҳо ба ҳокими Систон Али Қулихон, ҷияни Нодиршоҳ, афтод. Шоҳи нав дар манифести худ эълон кард, ки Нодиршоҳ бо фармони ӯ кушта шудааст. Дар июли 1747 Али Қулихон ба Исфаҳон омад ва дар он ҷо бо номи Одилшоҳ ба тахти шоҳӣ нишаст. Одилшоҳ ҳамаи андозҳои ҷорикардаи Нодиршоҳ-ро бекор кард ва амр дод, ки амволи бо фармони амакаш мусодирашуда баргардонида шавад.
Барои раҳоӣ аз даъвогарони эҳтимолии тахт, Одилшоҳ тасмим гирифт, ки писарон ва наберагони Нодиршоҳ-ро нест кунад. Дар Калот Ризо Қули Мирзо, писари калонии Нодиршоҳ, ҳамроҳ бо 13 писараш кушта шуд. Дар Машҳад бо фармони Одилшоҳ Насрулло Мирзо, писари дуюми Нодиршоҳ, ҳамроҳ бо писаронаш эъдом гардид. Танҳо Шоҳрухи 14-сола, писари Ризо Қули Мирзо, зинда монд. Бисёре аз наздиктарин ҳамроҳони Нодиршоҳ эъдом ё зиндонӣ шуданд.
Дар 1747 пас аз марги Нодиршоҳ қабилаи туркии қоҷориён дар Мозандарон шӯриш бардоштанд. Сарвари исёнгарон Муҳаммад Ҳасанхон (1715—1758), бегларбеги Астробод, Гургон, Мозандарон ва Гелон буд. Шоҳи нави форс Одилшоҳ (1747—1748) бо лашкар ба Мозандарон ҳаракат карда, шӯриши қоҷориён-ро саркӯб намуд. Оғо Муҳаммадшоҳ Қоҷор, писари калонии Муҳаммад Ҳасанхон, аз ҷониби Одилшоҳ асир гирифта шуда, бо фармони ӯ ахта карда шуд.
Дар 1748 бародари калониаш Иброҳимхон, ҳокими Исфаҳон, бар зидди Одилшоҳ баромад кард. Амир Аслонхон, сардори Озарбойҷон, ва бисёре аз амалдорони форс, ки аз ҳукмронии Одилшоҳ норозӣ буданд, ба ҷониби ӯ гузаштанд.
Дар июни 1748 миёни бародарон дар маҳалли Саман-Архи воқеъ дар Озарбойҷони Эрон ҷанги ҳалкунанда ба амал омад. Ҳангоми ҷанг бисёре аз сарбозони Одилшоҳ ба ҷониби бародараш Иброҳим гузаштанд ва ӯ пирӯз гардид. Одилшоҳ шикаст хӯрда, ба Теҳрон гурехт. Ҷонибдорони Иброҳим Одилшоҳро дастгир ва кӯр карданд. 20 майи 1749 Одилшоҳ дар Машҳад эъдом шуд.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Одилшоҳ чор бор издивоҷ кардааст. Дар 1736 дар Машҳад (Хуросон) ӯ аввалин бор бо Зайнаб ун-Нисса Бегум, духтари Мирзо Саид Муҳаммад Алӣ ал-Ҳусайнӣ ал-Маръашӣ, ҳокими Қазвин, издивоҷ кард. Бори дуюм дар декабри 1736/январи 1737 Али Қулихон бо шоҳдухтари гурҷӣ Кетеван, духтари шоҳи Картли ва Кахетия Теймурази II, издивоҷ намуд. Дар октябри 1740 дар Чорҷӯй (Бухоро) ӯ бори сеюм бо духтари хони Бухоро Абулфайзхон издивоҷ кард. То 1749 Одилшоҳ бори чорум бо духтари шоҳи Кахетия Довуди II издивоҷ намуд. Одилшоҳ ҳафт фарзанд дошт (аз ҷумла ду писараш бо фармони амакаш Нодиршоҳ зинда ба гӯр карда шуданд ва се нафари дигар аз ҷониби Шоҳрух кушта шуданд).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://web.archive.org/web/20131021173500/http://slovari.yandex.ru/~%D0%BA%D0%BD%D0%B8%D0%B3%D0%B8/%D0%9C%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D1%80%D1%85%D0%B8.%20%D0%9C%D1%83%D1%81%D1%83%D0%BB%D1%8C%D0%BC%D0%B0%D0%BD%D1%81%D0%BA%D0%B8%D0%B9%20%D0%92%D0%BE%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BA%20XV-XX/%D0%90%D1%84%D1%88%D0%B0%D1%80%D1%8B К. Рыжов. Все монархи мира. Мусульманский восток 15-20 вв.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]К. Рыжов. Все монархи мира. Мусульманский восток 15-20 вв. Афшары
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]The Afshar DynastyБойгонӣ шудааст 30 Декабри 2019 сол.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони соли 1719
- Зодагони Эрон
- Даргузаштагони 20 май
- Даргузаштагони соли 1749
- Даргузаштагони Эрон
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Афшориён
- Ҳокимони Эрон
