Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ал-Аълом (китоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

 

Ал-Аълом (ар. الأعلام) фарҳанги биографии 8 ҷилда аст, ки аз ҷониби Хайриддини Зириклӣ навишта шудааст. Номи пурраи он "Қомусу тароҷими лиашҳур-ир-риҷол ва-н-нисо мин-ал-араб ва-л-мустаърабин ва-л-мусташриқин" (маъно: Луғати зиндагиномаи маъруфтарин мардону занони араб, арабшиносон ва ё шарқшиносон); Зириклӣ китобашро бо ин унвон муаррифӣ карда, дар муқаддима навиштааст, ки азбаски дар хазинаи китобхонаҳои араб чунин китоб вуҷуд надошт, талош кардааст асаре эҷод кунад, ки ин номҳо дар он сабт шаванд.
Зириклӣ кушиш мекард, ки мухтасар нависад (зикри ҷомеъ) ва дар бораи хамзамонони худ бахс накард. Баргузидаи ӯ аз афроди номдор бар ин буд: хилофат, амирӣ, вазорату доварӣ, ки осори онҳо барҷаста, дар дин ё ҳунари бузург, дар адабиёт ҷойгоҳе дошт, номи онҳо дар китоб оварда шудааст, ривоятҳои зиёде аз онҳо омадааст, насабномаи равшане доштанд, бисёрҷанба буданд. Умуман, чунон ки дар муқаддима мегӯяд, меъёри асосии интихоби шахс ин аст, ки номи ӯ обрӯ дошт ва бояд ба ӯ муроҷиат кард. Номҳоро на аз рӯи шӯҳрат/лақаб/куния, балки бар асоси ном, ки дар навиштани тарҷумаи ҳоли арабӣ дар замони муосир навоварӣ дониста мешавад, номбар кардааст.

Сутуда, Ғуломризо, Марчаъшиносӣ ва равиши таҳқиқ дар адабиёти форсӣ.