Аҳмади Фарғонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ал-Фарғонӣ)
Аҳмади Фарғонӣ
ар. أحمد بن كثير الفرغاني
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт на пештар аз 861
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ (форсӣ: ابوالعباس احمد ابن محمد ابن کثیر فَرغانی‎; ар. أحمد بن كثير الفرغاني‎; тақр. 798, Фарғона — 861, Қоҳира[1]) — ахтаршинос, риёзидон ва ҷуғрофиёдони машҳури асрҳои VII—IX. Дар Шарқ бо тахаллуси «Ҳосиб» (риёзидон) ва дар Ғарб бо номи «Алфараганус» маъруф буда, дар пешрафти илмҳои номбурдаи замонааш саҳми бузург гузоштааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмади Фарғонӣ дар Бағдод ва Димишқ дар замони хилофати Маъмун (813—833) дар бунёди расадхонаҳо ширкат варзидааст. Ӯ дар рисолаи «Мадхалу-н-нуҷум» («Муқаддимаи ситорашиносӣ»)-и худ илми ситорашиносии замонаашро мураттаб сохта, аз ҷумла ба ислоҳу танқиди Батлимуси юнонӣ пардохтааст. Аҳмади Фарғонӣ соли 812 кусуфи Офтобро дар Бағдод пешгӯӣ ва курашакл будани Заминро исбот кард. Ӯ «миқёси ҷадид» ном асбобе сохта буд, ки онро барои андоза кардани оби дарёи Нил истифода мекарданд ва ин асбоб имрӯз бо номи «нилометр» шинохта шудааст.

Дар замони Мутаваккили Аббосӣ муҳандис, сарпарастии сохтмони  нилсанҷи бузургро ба уҳда дошт. Фарғонӣ ахтаршиноси дарбори Аббосиён буд ва китоби «Ҷавомеъ»-ро навишт. Ин асар гузориши ғайририёзии ҷомеъе аст аз усули ахтаршиносии батлимусӣ, ки Қосибӣ шарҳе бар он навиштааст. Китоби ёдшуда дар Аврупои садаҳои миёна нуфузи густурдае ёфт. Фарғонӣ таълифоте низ дар бораи соъати офтобӣ, назарияи риёзии устурлобҳо ва ҷадовили нуҷумии Хоразмӣ дорад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Рисолаҳои зерин аз намунаи осори Аҳмади Фарғонӣ мебошанд: «Китобу-л-комил фи-л-устурлоб» («Китоби комил дар бораи устурлоб»), «Фӣ санъати-л-устурлоб» («Дар санъати [сохтани] устурлоб»), «Рисола фӣ маърифати-л-авқоти-л-лати якуну-л-қамару фӣ фавқи-л-арзи ав таҳтаҳо» («Рисола дар бораи донистани вақтҳое, ки Моҳ дар болои Замин ё зери он воқеъ мегардад»), «Ҳисобу-л-ақолими-с-сабъа» («Ҳисоби ҳафт иқ­лим»), «Китобу-л-амали-р-рухомот» («Китоби кор­карди мармар»), «Китобу-л-ҳаракати-с-самовия ва ҷа­вомеъи-н-нуҷум» («Китоби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва маҷмӯи ситораҳо») ва ғайра. Қисме аз осори Аҳмади Фарғонӣ ҳанӯз дар асрҳои XII—XIII ба лотинӣ тарҷума шуда буданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. «Астроном Аль-Фергани» — статья на сайте Пензенской региональной общественной организации «Просвещение».

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. — Д., 2007.
  • Матвиевская Г. П. Учение о числе на средневековом Ближнем и Среднем Востоке. — Ташкент: Фан, 1967.
  • Розенфельд Б. А., Добровольский И. Г., Сергеева Н. Д. Об астрономических трактатах ал-Фаргани. — Историко-астрономические исследования, 11, 1972, соли 191—210.
  • Richard Lorch (ed.) Al-Farghānī on the Astrolabe. Arabic text edited with translation and commentary. Stuttgart, 2005.
  • Баҳромзод Р. Аҳмади Фарғонӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар рушди кайҳоншиносӣ. — Мероси Ниёгон, № 24, 2022, саҳ. 36-37.


Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]