Ал-ҳовӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ал-ҳовӣ

«Ал-ҳовӣ» — асари Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар боби тиб.

Муаарифь[вироиш]

Розӣ дар асар ҳамаи бемориҳоеро, ки мушоҳида ва табобат кардааст, зикр менамояд. Бино ба маълумоти Абурайҳони Берунӣ «Ал-ҳовӣ» аз 13 фасл иборат аст: беморӣ ва муолиҷаи беморон, ҳифзи сиҳат; бахия (чоки захм), шикастабандӣ ва захмҳо; нерӯи доруҳо, ғизо ва дигар моддаҳо, ки дар тиб истифода мешаванд; доруҳои мураккаб, санъати тиб, дорусозӣ, рангу таъм ва бӯи доруҳо; навъи баданҳо, вазнҳо ва кайлҳо (ченакҳо); шарҳу вазифаҳои аъзо; иллат ва сабабҳои табиии санъати тиб; нахустин истилоҳоти тиббӣ ва муқаддимаи тиб.

Муаллиф барои таҳияи китоби мазкур 15 соли умри худро сарф кардааст. Китоб аз 30 муҷаллад иборат мебошад. Ошноӣ бо мӯҳтавои «Ал-ҳовӣ» шаҳодат медиҳад, ки Розӣ аз таълифоти Дисқуридус, Буқрот, Ҷолинус ва дигар табибони юнонӣ, римӣ, ҳиндӣ, арабӣ хуб огоҳӣ доштааст. «Ал-ҳовӣ» қомуси ҳақиқии тиббӣ буда, қариб ҳамаи масъалаҳои тибби амалӣ ва назариявии ҳамон даврро дар бар мегирад. Абуалӣ ибни Сино ба ин асари Розӣ шинос буд ва дар китоби худ «Аш-Шифо» иқтибосҳои сершумор карданаш далели ин мебошад. Ба қавли муаррихон Шайхурраис зимни шурӯъ кардан ба омӯзиши тиб дар навбати аввал ба «Ал-ҳовӣ» шинос шудааст. «Ал-ҳовӣ» аввал соли 1486 ва минбаъд солҳои 1509, 1542 бо номи «Continens Rasis» дар Италия ба лотинӣ тарҷума шудааст. Дастхатҳои он бо номи «Ал-Ҷомеъ-ул-ҳозир ли синоати-т-тиб» ва «Ал-Ҷомеъ-ул-кабир» дар китобхона-музейи Италия, китобхонаҳои Мюнхен, Оксфорд, Кембриҷ, дар Испания, Истанбул, Ромпур, Мадрас ва ғайра маҳфузанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]