Амазонит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Амазонит аз Колорадо (ИМА)

Амазонит, санги амазонӣ (аз номи дарёи Амазонка) — навъи нилгун ё сабзранги микроклин.

Таркиби кимиёӣ[вироиш]

Формулаи химиявиаш (K,Na) AlSi3O8. Дар таркибаш баъзан омехтаи оҳан, манган, сурб, рубидий, сезий ва ғайра дорад. Аз ҷумлаи албитҳои пертитии таркибаш сафед ва зардча буда, якранг нест.

Дар пегматитҳо ва гранитҳо вомехӯрад. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос 6 – 6,5. Зичиаш 2550 – 2580 кг/м3. Кристаллҳои хушранги амазонитро дар заргарӣ истифода мебаранд. Марҷон ва тӯморҳои аз амазонит тайёр кардашуда ҳанӯз дар Мисри Қадим истифода мешуданд. Конҳои пегматит ва гранитҳои амазонит дар Руссия, Украина, Қазоқистон, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, воқеанд. Амазонитҳои сабзу осмонирангро аз санги хоро ва пегматитҳои Помири Ғарбӣ, Помири Шарқӣ, қаторкӯҳҳои Ҳисору Қаротегин истихроҷ кардан мумкин аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]