Амазонкаҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Амазонкаҳо — Занони ҷанговар дар асотири Юнони Қадим.

Амазонкаҳо маънои «саворазан»-ро низ дорад. Бино ба ривоятҳои қадим амазонка дар Осиёи Хурд ва соҳили Меотида (Баҳри Азов) зиста, бо мақсади давом додани наслашон аз мардони қабилаҳои дигар шавҳар мекарданд ва шавҳари худро ба қабилааш пас мегардониданд. Пас аз таваллуди фарзанд писаронро ба падарони онҳо дода, духтаронро бо худ нигоҳ медоштанд ва ба онҳо санъати муҳорибаро ёд медоданд. Амазонка ҳамчун занони соҳибҷамол шӯҳрат ёфтаанд.

Нақлу ривоятҳо дар бораи амазонка дар тамоми ҷаҳон, алалхусус байни ҳалқҳои ҳиндуи Бразилия, машҳуранд. Ин ривоятҳо ёдгории давраи модаршоҳианд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]