Jump to content

Амалиёти тафтишотӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амалиёти тафтишотӣ — дар ҳуқуқ ҳолатҳои ба парвандаи ҷиноятӣ тааллуқдошта.

Онҳо танҳо бо манбаъҳои маълумотие собит карда мешаванд, ки аз қонуни мурофиавии ҷиноятӣ пешбиникарда гирифта шудаанд. Муқаррар намудани ҳолатҳои ба парвандаи ҷиноятӣ тааллуқдошта дар раванди исботкунӣ дар натиҷаи доир намудани амалиёти тафтишотӣ имконпазир мегардад.

Амалиёти тафтишотӣ ҳаракатҳои мурофиавии муфаттишанд (шахси таҳқиқбаранда) ва ба воситаи он ҳолатҳои ба парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдошта муқаррар карда мешаванд. Мақсади ниҳоии амалиёти тафтишотӣ дар он зоҳир мегардад, ки муфаттиш ба воситаи ин омил далелҳои ба парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдоштаро ошкор мекунад, ба қайд мегирад ва санҷида баҳо медиҳад. Далелҳои бо риоя намудани талаботи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ бадастомада, ба муфаттиш ва шахси таҳқиқбаранда имкон медиҳанд, ки дар асоси онҳо шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашад. Амалиёти тафтишотиро танҳо он муфаттишоне мегузаронанд, ки парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсолоти онҳо супорида шудааст. Қисме аз ам алиёти тафтишотӣ бо супориши муфаттиш аз ҷониби кормандони мақомоти таҳқиқ гузаронда мешавад. Вобаста аз ҳолатҳои мушаххаси парвандаи ҷиноятӣ муфаттиш ҷой ва вақти гузарондани амалиёти тафтишотиро муқаррар мекунад. Дар баробари ин баъзе амалиёти тафтишотӣ бо супориши прокурор ё бо хоҳиши ҷабрдида, айбдоршаванда низ доир карда мешаванд.

Қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар баъзе мавридҳо муфаттиш ва шахси таҳқиқбарандаро вазифадор менамояд, ки бархе аз амалиёти тафтишотиро ҳатман гузаронанд. Масалан, дар моддаи 72 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки муфаттиш дар мавридҳои зарурӣ барои муқаррар кардани сабаби марг, аҳволи рӯҳии айбдоршаванда ё гумонбаршуда, аҳволи рӯҳӣ ё ҷисмонии шоҳид ё ҷабрдида ҳатман экспертиза таъйин кунад. Аз рӯи қоидаи умумӣ муфаттиш, одатан, метавонад дар ҳуҷраи кории худ ва ҷойи дигар низ амалиёти тафтишотӣ гузаронад. Ҷойи гузарондани амалиёти тафтишотӣ аз ҳолатҳои мушаххаси парванда вобаста аст. Масалан, муфаттиш гумонбар ва айбдоршавандаеро, ки дар озодӣ аст, хуб мебуд дар ҳуҷраи кориаш пурсад. Айбдоршавандае, ки дар ҳабс бошад, дар ҳабсхона пурсида мешавад. Аз назар гузарондани ҳуҷҷатҳо, ашё, далелҳои шайъие, ки дар раванди гузарондани амалиёти тафтишотӣ (кофтуков, ёфта гирифтан) ба даст омадаанд, дар ҳуҷраи кории муфаттиш сурат гирифта, протокол тартиб дода мешавад. Қонуни мурофиавӣ муқаррар кардааст, ки мавриди гузарондани баъзе амалиёти тафтишоти пешакӣ қарор тартиб дода тасдиқ карда шавад ва натиҷаи чунин амалиёти тафтишотӣ дар протоколҳо дарҷ гардад. Дар раванди гузарондани амалиёти тафтишотӣ муфаттиш бояд аз воситаҳои илмию техникӣ – сурат гирифтан, ба навор гирифтан, сабти овоз истифода барад. Ҳамаи онҳо дар протоколҳо зикр карда мешаванд.