Амалиётҳои арзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Амалиётҳои арзӣ бо қонунҳои ҷумҳурӣ ё созишномаҳои байналхалқӣ танзим карда мешаванд. Амалиётҳои арзӣ тарзҳои амалӣ гардонидани ӯҳдадориҳои тарафҳо, ҳисоббаробаркунии онҳоро муайян менамоянд. Амалиётҳои арзӣ хеле гуногун буда, аз предмети аҳд (арзи миллӣ, арзи хориҷӣ, тилло ва ғайра), иштирокчиёни он (байнидавлатӣ , ташкилотҳо, байни ширкатҳо, шаҳрвандҳо ва ғайра) вобастаанд. Амалиётҳои арзӣ ба хизматрасонӣ оид ба муносибатҳои савдои иқтисодӣ, кӯмаки маблағтузорӣ (инвеститсионӣ), пардохти хизматҳои техникӣ, гирифтани қарз ба мақсадҳои муайян, пардохти қарз бо маблағ барои таъмин намудани харидории объектҳои муайян ва ғайра вобастагӣ доранд.[1].

Нигаред[вироиш]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.43