Амали Қонуни мурофиавии гражданӣ дар макон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Амали Қонуни мурофиавии гражданӣ дар макон — тартиби мурофиаро аз рӯи парвандаҳои гражданӣ дар судҳои ҶТ Қонуни мурофиавии гражданӣ муаӣян мекунад. Қонунгузорӣ дар бораи мурофиаи судии гражданӣ тартиби дида баромадани парвандаҳоро аз рӯи баҳсҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқин гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва кишоварзӣ ба вуҷуд меоянд, парвандаҳое, ки аз муносибатҳои маъмурии ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд ва тартиби дида баромадани нарвандаҳои истеҳсолоти махсусро муқаррар мекунад. Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии граждании ҶТ дартамоми ҳудуди ҶТ амал мекунанд ва тамоми судхои ҶТ ӯҳдадоранд онҳоро татбиқ намоянд. Ин муқаррарот инчунин дар мавридҳое амал мекунад, ки амалиётҳои ҷудогонаи судӣ бо супориши суди давлати дигар содир карда мсшаванд.

Мисол. агар суди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба суди Ҷумҳурии Тоҷикисгон супориши судӣ оид басодир намудани амалиёти муаӣяни мурофиавӣ фиристад, ин амалиёти мурофиавӣ дар асоси қоидаҳои пешбининамудаи КМГ ҶТ содир карда мешавад. [1]

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.39