Амали Қонуни мурофиаи гражданӣ дар замон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амали Қонуни мурофиаи маданӣ дар замон - бо қоидае муайян мешавад, ки дар м.З Қонуни мурофиаи мадании ҶТ мустаҳкам карда шудааст. Мувофиқи м.З ҚМГ ҶТ мурофиа аз рӯи парвандаҳои маданӣ дар судҳои ҶТ дар асоси он қонунҳои мурофиавии мадании ҶТ, ки дар вақти баррасии парванда, содир намудани амалиётҳои ҷудогонаи мурофиавӣ ё иҷрои ҳалномаи суд амал мекунанд, татбиқ карда мешавад.

Мувофиқан, новобаста аз вақти огоз намудани парвандаи гражданӣ дар суд қонуни мурофиавии граждание татбиқ карда мсшавад, ки ҳангоми баррасии парвандаи гражданӣ содир намудани амалиётҳои ҷудогонаи мурофиавӣ ё иҷрои ҳалномаи суд амал мекунанд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.39