Ҳусейн Аминов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аминов, Ҳусейн Ҷумъаевич)
Ҳусейн Аминов
Ҳусейн Ҷумъаевич Аминов
Таърихи таваллуд 2 октябр 1946(1946-10-02) (77 сол)
Зодгоҳ Бухоро, вилояти Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Ҳусейн Аминов (Ҳусейн Ҷумъаевич Аминов; 2 октябри 1946, ноҳияи Қизилтеппа, вилояти Бухоро, Ӯзбекистон) — духтури кӯдакон, доктори илмҳои тиб (2006), профессор (2012). Аълочии тандурустии ҶТ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1969). Духтури минтақавии бемориҳои кӯдакони дармонгоҳи кӯдаконаи шаҳри Қурғонтеппа (1969—1971), духтури кӯдакон ва сардухтури беморхонаи минтақавии Кофарниҳони шаҳри Ваҳдат (1971—1974), ординатори клиникии кафедраи педиатрияи факултавии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино(1974—1976), духтури бригадаи эҳёгарии кӯдакони Бунгоҳи ёрии таъҷилии тиббии Душанбе (1976—1978), ассистент, муаллими калон, дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи бемориҳои кӯдакони № 1-и Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1978—2003), сардори шуъбаи ташкили хадамоти тиббии модар ва кӯдаки Вазорати тандурустии ҶТ (2003—2006), дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдакони № 1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2007—2008) буд. Аз соли 2008 мудири ҳамин кафедра кор кардааст.[1]

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба масъалаи масунияти мутобиқатӣ дар сохтори бемориҳо ва фавти кӯдакон дар шароити номусоиди экологӣ, қиёси клиникию бактериологии уфунат дар кӯдакони хурдсоли Тоҷикистон, хусусиятҳои давраи аввали мутобиқат дар кӯдаконе, ки аз модарони гирифтори нефропатия таваллуд ёфтаанд таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 40 асару мақолаҳои илмист.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Далелҳо ба манфиати ҳифзи ҳаёт. — Д., 2003;
  • Характеристика нефропатий у новорожденных от матерей с патологией органов мочевой системы. — Д., 2006;
  • Роль особенностей периода ранней адабтации новорожденных от матерей с патологией органов мочевой системы в заболеваемости и смертности детей: Дисс…доктора мед. наук. — М., 2006;
  • Протоколы лечения основныхзаболеваний детского возраста. — Д., 2006;
  • Стандартные схемы лечения основных заболеваний неонатального возраста. — Д., 2007;
  • Гестационный диабет. — Д., 2008.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]