Нериё Аминов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аминов Нериё)
Нериё Аминов

Нериё Аминов (1916, Самарқанд1996, Исроил) — сароянда ва оҳангсози яҳудитабори тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1946).

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти ҳунариро дар дастаҳои ҳаваскори ҳунарии мактабӣ оғоз намуда, дар студияи Театри давлатии драмавию мусиқии ба номи Муқимии ш. Тошканд (1930 – 31) сайқал додааст. Солҳои 1932 – 34 роҳбари Театри мусиқии ноҳияи Нуратои вил. Самарқанд, 1935 – 38 роҳбари бадеии дастаи ҳунарии ш. Самарқанд, 1938 – 74 сарояндаи дастаи ҳунарии телевизион ва радиои Тоҷикистон буд. Аз сарояндагони хуби савту навоҳои «Шашмақом» ва сурудҳои классикию халқӣ ба шумор меравад. Сурудҳои «Ба Ватан», «Дили мо», «Эй бодапарастон», «Аҳду вафо», «Дубарга», «Ошиқам», «Савти Сабо», «Дугоҳ» ва ғ. аз маҳорати баланди сарояндагии А. дарак медиҳанд. Мусаннифи беш аз сад суруду тарона. Иштирокдори озмунҳои мусиқӣ (1929, Самарқанд; 1944, Тошканд), Даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941, 1949). Шогирдони бисёре тарбия намудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таджикское искусство, М., 2002;
  • Ҳакимов Н., «Шашмақом» дар қарни XX, Х., 2006;
  • Донишномаи Шашмақом, Д, 2009.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]