Аминокислотаҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аминокислотаҳо — синфи пайвастҳои органикӣ, ки дар таркибашон гурӯҳи карбоксил (СООН) ва аминогурӯҳ (NH2) мавҷуд аст.

Аминокислотаҳо хосияти кислотагӣ ва асосӣ доранд. Вобаста аз сохтор аминокислотаҳо алифатӣ ва ароматӣ мешаванд. Чанд навъи аминокислотаҳои алифатӣ, мас., α-, β-, γ- ва ғ. маълуманд. Аз α-аминокислотаҳо сафедаҳо ва пептидҳо таркиб ёфтаанд. Онҳо дар равандҳои муҳими биологӣ иштирок мекунанд. α-Аминокислотаҳо пайвастҳои гетерофунксионалӣ буда, гурӯҳи карбоксилӣ ва аминӣ доранд, ки ба як атоми карбон пайваст шудаанд. Аз рӯи табиати радикал (R) α-аминокислотаҳоро ба алифатӣ, ароматӣ ва гетеросиклӣ ва вобаста ба адади умумии гурӯҳи карбоксил ва аминогурӯҳ ба нейтралӣ (як гурӯҳи СООН ва як гурӯҳи NH2 доранд), асосӣ (як гурӯҳи СООН ва ду гурӯҳи NH2 доранд) ва турш (ду гурӯҳи СООН ва як гурӯҳи NH2 доранд) ҷудо мекунанд. Аминокислотаҳо моддаҳои кристаллии беранг буда, дар об нағз ҳал мешаванд. Бисёри онҳо таъми ширин доранд. Аминокислотаҳо моддаҳои амфотеранд, бинобар ин бештар дар намуди иони дузаряда дучор мешаванд. Манбаи асосии α-аминокислотаҳо барои организмҳои зинда сафедаи хӯрокӣ мебошад. Бисёр α-аминокислотаҳоро худи организм синтез мекунад. Аминокислотаҳоеро, ки аз берун ба организм ворид мешаванд, аминокислотаҳои ивазнашаванда меноманд (мас., валин, лейтсин, изолейтсин, лизин, треонин, метионин, фенилаланин, триптофан ва ғ.). Ҳангоми баъзе бемориҳо, хоса бемориҳои модарзодӣ, адади аминокислотаҳои ивазнашаванда меафзояд. Чунончи, ҳангоми бемории фенилкетонурия организм тирозинро синтез намекунад. Талаботи шаборӯзии аминокислотаҳои ивазнашаванда барои одами калонсол тақр. 1г аст. Ҳангоми норасоии аминокислотаҳо дар хӯрок (триптофан, лизин, метионин) синтези сафеда ва бисёр моддаҳои зарурии организм ғайриимкон аст. Баъзе аминокислотаҳо дар организми ҳайвонот аз моддаҳои бенитроген бо роҳи бозаминонӣ (трансаминонӣ) ҳосил мешаванд. Аминокислотаҳо дар организм барои синтез ва ресинтези сафеда, ҳамчунин гормонҳо, аминҳо, алкалоидҳо, коферментҳо, пигментҳо ва ғ. истифода мегарданд. Аминокислотаҳои зиёдатӣ то маҳсули ниҳоии мубодила (дар одам ва ширхӯрҳо то мочевина, СО2 ва об) таҷзия мешаванд (ҳангоми он энергияи барои фаъолияти ҳаёт зарур ҷудо мешавад).

Усулҳои ҳосил кардани аминокислотаҳо бисёранд: сиангидринӣ (таъсири сианиди аммоний ба алдегиду кетонҳо), аммонолизи кислотаҳои α-галогенкарбонат (дар организм чун ашё кетонокислотаҳо ё α-аминокислотаҳои дигар истифода мешаванд), аминонии барқароркунанда, трансаминонӣ ва ғ. Баъзе аминокислотаҳоро аз маҳсули гидролизи сафедаҳо ҷудо мекунанд. Mac., кислотаи глутаминатро аз казеин, тирозинро аз фиброини абрешим, аргининро аз желатина, гистидинро аз сафедаи хун ва ғ. Аминокислотаҳои дигарро бо роҳи синтез (мас., кислотаи глутаминат, метионин, лизин) ҳосил менамоянд.

Аминокислотаҳоро дар тиб барои табобати бемориҳои аъзои ҳозима, ҷигар, камхунӣ, сӯхта, захми меъда ва ғ. истифода мебаранд. Вояи ғизои чорво бояд дорои ҳамаи аминокислотаҳои зарурӣ бошад. Талаботи ҳайвонот ба аминокислотаҳо гуногун аст, мас., мик- рофлораи пешмеъдаи ҳайвоноти жованда аминокислотаҳоро аз аммиаке, ки ҳангоми таҷзияи сафеда ё моддаҳои ғайрисафедавии нитрогендор (мас., карбамид) ҷудо мешаванд, синтез мекунад. Барои ҳайвонот меъёри аминокислотаҳо вуҷуд надорад, вале бо мақсади пурра кардани вояи хӯроки онҳо аз карбамид истифода мекунанд. Зиёд шудани аминокислотаҳо ба организм таъсири манфӣ мерасонад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Грандберг И. И., Органическая химия, М., 1974;
  • Тюкавкина Н. А., Бауков Ю. И., Биоорганическая химия, М., 1985;
  • Самиев М., Методические разработки по теоретическому курсу биоорганической химии, ч. II, Д., 1984;
  • Филиппович Ю. Б., Основы биохимии, М., 1995.

Сарчашма[вироиш]