Амирхон
англ. Aamir Khan | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 14 март 1965[1] (60 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи синамо, коргардони филм, таҳиякунандаи филм, филмноманавис, муҷрии телевизион, producer |
Корнома: | 2 ноябр 1973 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0451148 |
![]() |
Амирхон (ҳиндӣ: आिमर ख़ान, урду: عامر حسین خان) (14 март, 1965 —) — ҳунарпеша, продюсери филм, ҳунарпешаи кино, филмноманавис, яке аз ситораҳои кунунии синамои Ҳинд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Амирхон 14 марти соли 1965 ба дунё омадааст. Ӯ факултаи коргардонии донишкадаи овозадори синамои шаҳри Пунаро хатм намудааст. Баъд аз иштирок дар наворгирии чандин филмҳо қарор медиҳад, ки дар нақшҳо низ бозӣ кунад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Вале дар аввал филмҳо бо иштироки ӯ он қадар муваффақ нагардиданд ва писанди тамошобинон наомаданд. Иштирок дар филми «Дил» Амирро машҳур кард. Дар ин филм ҳамроҳи ӯ Мадҳурӣ Дикшит бозӣ кардааст. Филмҳои минбаъдаи Амир он қадар комёб нагардиданд. Дар айни замон, Амирхон нақшофариниро тарк кардааст ва соле як маротиба филмеро ба навор мегирад. Амир мехоҳад коргардони маъруф бошад. Аз ин рӯ, ӯ ихтисосашро дар Донишгоҳи Калифорния таҳти роҳбарии коргардон, барандаи Ҷоизаи Оскар Фрэнсис Форд Коппола такмил дод.
Филмҳо бо иштироки Амирхон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фано. (2006)
- Балладаи Мангал Пандей. (2005)
- Хоҳиши дил. (2001)
- Лагун: Боре дар Ҳиндустон (2001)
- Рӯҳи пурошӯб. (1999)
- Ғулом. (1998)
- Замин. (1998)
- Ишқ, (1997)
- Роҷа Хиндустонӣ. (1996)
- Бозӣ. (1995) П.Хушҳол. (1995) 12.Шоҳид.(1993)
- Рақибон. (1992)
- Афсонаи ишқ. (1991)
- Ҷавонӣ зинда бод. (1990)
- Ба мисли ман ошиқе нест. (1990)
- Дил. (1990)
- Ишқ, ишқ, ишқ. (1989)
- Мадҳуш (1974, нақши кӯдакона)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #129780650 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 14 март
- Зодагони соли 1965
- Зодагони Мумбай
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешамардони синамои Ҳиндустон
- Ҳунарпешамардони синамои ҳиндӣ
- Филмноманависони Ҳиндустон
- Кинопродюсерҳои Ҳиндустон
- Мусулмонони Ҳиндустон