Зиёуддин Юсуф Амирии Бадахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зиёуддин Юсуф Амирии Бадахшӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиёуддин Юсуф Амирии Бадахшӣ (форсӣ: ضیاءالدین یوسف امیری بدخشانی[1]; ? — тақр. 1490, Бадахшон) — шоир ва нависандаи зуллисонайни форс-тоҷик (ба забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ менавиштааст).

Дар доираи адабии Ҳирот, дарбори Шоҳрух (1377—1445) ва Бойсунқур (1397—1434) фаъолият намудааст. Аз Амирӣ то замони мо девони ашъор, маснавии «Даҳнома», манзума-мунозираи «Бангу Бода» расидаанд. Ба қавли Алишери Навоӣ («Маҷолису-н-нафоис») шеърҳои туркии Амирӣ шуҳрат надоштанд. Дар ашъораш ба мавзӯъҳои фалсафӣ, ишқи ирфонӣ аҳамият додааст. Забон, тарзи баёнаш содаву равон аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ضیاءالدین یوسف امیری بدخشانی. rasekhoon.net. 9 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]