Амиша Пател

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Амиша Пател
англ. Ameesha Patel
Ameesha Patel at Premiere of 'Shortcut Romeo'.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Ameesha Amit Patel

Санаи таваллуд:

6 июн 1976(1976-06-06) (43 сол)

Зодгоҳ:

Мумбай , Маҳараштра , Ҳиндустон

Шаҳрвандӣ:

 Ҳиндустон

Касб:

модел, ҳунарпешаи синамо, таҳиякунандаи филм

Карера:

2000 — то ҳол

IMDb:

ID 0665349

ameeshapatelproduction.com
Commons-logo.svg Амиша Пател дар Викианбор

Амиша Пател(ҳиндӣ: अमीषा पटेल, тав. 9 июни 1975, Мумбай, Ҳиндустон ) — ҳунарпеша ва модели ҳинд аст, ки дар филмҳои Болливуд нақш мебозад. Ӯ инчунин дар якчанд филмҳо бо забони телугӣ ва томилӣ ҳунарнамоӣ намудааст. Амиша барандаи шоҳҷоизаи "Filmfare Awards" мебошад.

Амиша бори аввал нақши дебютии худро дар филми триллерии ошиқонаи Бигӯ ки дӯст медори (Kaho Naa.. Pyaar Hai) дар соли 2000 -ум иҷро намудааст. Ӯ барои ҳунарнамоӣ дар филми (Gadar: Ek Prem Katha, 2001), муваффақияти бузургеро ба даст овард, ки яке аз муваффақтарин филм дар таърихи синамои Ҳиндустон ба шумор меравад[1].Ӯ барандаи ҷоизаи Filmfare Special Performance Award барои филмҳои Асрори мо ва Магар ин ишқ аст мебошад. Амиша барои иҷрои филми Номумедӣ (2006) аз тарафи мунаққидон баҳои паст гирифтааст. Сипас, ӯ дар филмҳои муваффақ ва сердаромад Honeymoon Travels Pvt. Ltd. ва Пурпечутоб ҳунарнамоӣ намудааст.

Зиндагинома[вироиш]

Амиша дар оилаи гуҷаратиҳо Амит Пател ва Аша Пател таваллуд шудааст[2]. Ӯ хоҳари ҳунарпеша Ашмит Пател ва набераи ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори маъруфи ҳинд Раҷнӣ Пател мебошад, ки раиси Кумитаи Конгресси Прадеш дар Мумбай буд. Вай дар Бемористони Breach Candy дар Мумбай таваллуд шудааст ва аз синни панҷсолагӣ рақси Бҳаратнатямро омӯхтааст.[3]. Номи ӯ як се ҳарфи аввали номи падараш Амит (Amit) ва се ҳарфи охирини номи модараш Аша (Asha) гирифта шудааст. Вай дар мактаби "Cathedral and John Connon-и Мумбай таҳсил намудааст ва баъдан дар донишгоҳи Тафтси Иёлоти Муттаҳида дар соҳаи муҳандиси био-генетикӣ, таҳсилро идома додааст ва баъди ду соли ба соҳаи иқтисодиёт гузаштааст[3]. Фаъолияти касбии Амиша пас аз хатми донишгоҳ ҳамчун таҳлилгари иқтисодӣ дар Khandwala Securities Limited оғоз шудааст. Баъдтар, ба ӯ аз бонки Morgan Stanley пешниҳоди кор намуданд, вале онро рад намуд. Пас аз бозгашт ба Ҳиндустон, вай ба гурӯҳи театри Сатядев Дабӣ ҳамроҳ шуд ва дар спектаклҳо, аз ҷумла спектакли Танвир Хон, ки бо забони урду бо номи Neelam (1999) мебошад нақш бозидааст[4]. Амиша инчунин барои брендҳои маъруфи Ҳиндустон, ба монанди Bajaj Sevashram, Fair & Lovely, Cadburys Jai Lime, Fem, Lux ва ғайраҳо модел шуда кор кардааст.

Эҷодиёт дар синамо[вироиш]

Аввалин имкони Амиша барои ворид шудан ба Болливуд пешниҳоди ҳамсинфи мактабии падараш коргардон ва продюсери шинохтаи ҳинд Ракеш Рошан буд, ки дар филми Бигӯ ки дӯст медори (Kaho Naa... Pyaar Hai, 2000) бо писари ӯ Ритик Рошан ҳунарнамоӣ намудаанд[5]. Филм муваффақияти ногаҳонӣ буд ва Пателро ҳамчун ситораи барҷаста муаррифӣ намуд ва дар якчанд маросими ҷоизаҳо барои дебюти беҳтарин мукофотонида шуд[6]. Филми дуюми ӯ драмаи Бадрӣ (Badri) бо забони телугу буд ва дар муқобил Паван Калян нақши марказии мардонаро иҷро намудааст.

Соли 2001 бо Саннӣ Деол дар филми Гурезаҳо (Gadar: Ek Prem Kathа) нақш бозидаанд. Филм ҷанги Ҳинду Покистонро дар соли 1947 тасвир мекунад, ки, Амиша нақши Сокина, ҳиндудухтареро мебозад ва ҳангоми бадарға кардани ҳиндуҳо аз Покистон ӯ дар хонаи Саннӣ паноҳ меҷӯяд ва ба мардум худро мусулмон муаррифӣ мекунад. Иҷрои ӯ ҷоизаи махсуси Filmfare Performance Award ва инчунин ҷоизаҳоро барои беҳтарин ҳунарпеша дар маросимҳои ҷоизасупорӣ ба даст овард.

Дар Yeh Zindagi Ka Safar (2001), ӯ нақши як овозхони муваффақро бозидааст, ки дар вақти таваллуд шуданаш модараш ӯро партофтааст.

Соли 2002 Амиша се филми номуваффақ дошт. Дар филми Ту ба ман писанди (Аap Mujhe Achche Lagne Lage), ӯ нақши Сапнаро бозидааст, ки дар посбонии муҳофизони падари худ аст. Ӯ бори дуввум дар ин филм бо Ритик Рошан нақш бозидааст. Филм аз тарафи бинанда хуб қабул нагардида, ба шикасти интиқодӣ ва тиҷоратӣ оварда расонид. Иҷрои Амиша дар филм аз тарафи гурӯҳе аз ВАО танқид шуд, вале нокомии Пател дар соли 2002 бо комедияи Дили гарм (Kranti) ва Ин ҷоду аст (Yeh Hai Jalwa) идома ёфт. Дар ҳамон сол, ӯ бо иҷро дар филми Магар ин ишқ аст? (Kya Yehi Pyaar Hai) , нокомиҳоро бартараф мекунад[7]. Дар филм ӯ бо ҳунарпешаи маъруф Офтоб Шивдасонӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Пас аз он барои иҷрояш дар филми Асрори мо (Humraaz) ҷоизаи "Беҳтарин ҳунарпеша" - ро сарфароз гашт, ки дар филм нақшҳои мардонаро Боббӣ Деол ва Акшай Ханна иҷро намудаанд[8].

Дар соли 2003, танҳо филми тамилии Pudhiya Geethai ва филми ҳиндии Парвона (Parwana) бо иштироки ӯ ба навор гирифта шудаанд. Нашрҳои ӯ соли 2004, дар комедияи Вимал Кумар Suno Sasurjee мебошад, ки банаворгирии он аз соли 2000 ба таъхир афтодааст ва филми дуввуми томилии ӯ Naani баъд аз он рӯи навор омадааст. Ҳамон сол Амиша инчунин дар видеомузики O Meri Jaan ва Hai Kasam Tu Na Ja аз тарафи Аднан Самӣ пайдо шуд .

Соли 2005, Пател дар триллери Ваъда (Vaada) бо Арҷун Рампал ва Зайед Хон нақши марказиро иҷро намудааст. Қаҳрамони ӯ зани хиёнаткорест, ки дар васвасаи собиқ дӯст писараш мебошад[9]. Дар нашри навбатии худ, дар филми Баёнот (Elaan), ӯ нақши як хабарнигори телевизионро бозидааст. Амиша баъдтар дар филми таърихи Кетан Меҳта, Mangal Pandey: The Rising, ҳунарнамоӣ намудааст.

Соли 2006 шаш филме, ки бо иштироки Амиша ба навор гирифта шудаанд ба намоиш гузошта шуд ва ҳамаи онҳо аз лиҳози даромад хуб набуданд. Филми дигари ӯ бо Акшай Кумар ва Каришма Капур дар драмаи мусиқавии Сунил Даршан, Шарики зиндагии ман (Mere Jeevan Saathi), ки пас аз соли 2003 ба таъхир афтода буд, ба намоиш гузошта шуд. Нашри дуввуми ӯ Ман туро дӯст медорам (Humko Tumse Pyaar Hai) мебошад, ки қаҳрамони духтари нобинои деҳотиеро бозӣ мекунад, пас аз ҷарроҳии чашм биноияшро ба даст меорад аммо дӯстдоштаашро не. Ин филм дар Тоҷикистон низ мухлисони худро дорад. Дар Teesri Aankh: The Hidden Camera, Пател нақши духтари ношунаворо мубозад, ки шоҳиди ҷиноят шудааст. Ӯ барои хуб иҷро намудани нақш забони имову ишора омӯхтааст[10]. Иҷрои навбатии ӯ дар филми Чунин мешавад! (Tathastu) буд.

Филми панҷуми Пател дар соли 2006, Ноумедӣ (Ankahee) мебошад[11]. Ҳарчанд филм муваффақ набуд вале иҷрои Амиша хуб пазируфта шуд. Филм дар атрофи як издивоҷ ба навор гирифта шудааст, ки қаҳрамони Амиша зани хонашин мебошад ва шавҳараш ба ӯ бо як моделе хиёнат мекунад. Баъдтар дар он сол, вай дар паҳлӯи Акшай Ханна ва Приянка Чопра дар Ба хотири ту (Aap Ki Khatir) ҳунарнамоӣ намудааст.

Дар давоми солҳои 2003-2006 баъди якчанд филмҳои номуваффақ соли 2007 комедияи Сафар ба моҳи асалин (Honeymoon Travels Pvt. Ltd.), ки Амиша нақши марказиро бозидааст рӯи навор баромад ва каме ба пешравии Амиша кумак намуд. Буҷаи филм хурд буд вале муваффақияти миёнаро ба даст овард. Баъдтар дар соли 2007, ӯ дар муқобили Акшай Кумар дар филми Пурпечутоб (Bhool Bhulaiyaa) ҳунарнамоӣ намудааст.

Амиша инчунин дар Каме муҳаббат, каме ҷоду (Thoda Pyaar Thoda Magic, 2008) дар нақши дуюмдараҷа рӯи навор омадааст[12][13].

Пас аз нашри Каме муҳаббат, каме ҷоду, Пател бо ду комедияи телугу шартнома баст; Bhola Run ва Chatur Singh Two Stars. Аммо, ҳарду филм бо вуҷуди он, ки соли 2009 ба итмом расида буд, пайваста ба таъхир гузошта мешуданд.

Пас аз истироҳати дую нимсола, ӯ ба нақши мухтасар дар Parama Veera Chakra (2011) ба олами синамо баргашт, Аммо филм бо сабабҳои номаълум ба намоиш гузошта нашуд. Дар ҳамон сол, билохира филми Chatur Singh Two Star ба намоиш гузошта шуд[14], вале Bhola Run то ҳол хомӯш мебошад[15].

23 апрели соли 2011, Амиша дар ҳамкорӣ бо дӯст ва шарики тиҷоратии худ Кунал Гомер, корхонаи филмистеҳсолкунии Ameesha Patel Products-ро ифтитоҳ намуд[16]. Истеҳсоли дебютии онҳо, Desi Magic мебоша, ки дар чорабинии 2 апрели соли 2013 оғоз ёфт[17].

Дар соли 2013, Пател бо як зуҳури хос дар Race 2 -и Аббос Мустан ба Болливуд баргашт, ки ба сифати ёрдамчии Анил Капур ҳунарнамоӣ намудааст. Ӯ Самира Реддиро дар иҷрои нақш иваз кардааст . Ӯ пас аз он бо ҳамроҳии Нейл Нитин Мукеш дар Роҳи кӯтоҳи Ромео (Shortcut Romeo) рӯи навор омадааст[18].

Соли 2018, ӯ дар комедияи Бародар, фавқулода (Bhaiaji Superhit), нақши ситораи синаморо дар якҷоягӣ бо Саннӣ Деол ва Притӣ Зинта бозидааст. Филм аз ҷониби мунаққидон ба қадри кофӣ пазируфта нашудааст[19].

Дар соли 2019, ӯ дар реалити шоу Bigg Boss 13 иштирок намуда ба иштирокчиён вазифаҳои гуногун медиҳад[20][21]

Зиндагии шахсӣ[вироиш]

Соли 1999 Амиша бо коргардон Викрам Бҳатт дар нахустин филмашон шинос шудаанд; Ту ба ман писанд (Aap Mujhe Achche Lagne Lage) (2002), ва онҳо пас аз намоиши филм вохуриҳоро оғоз карданд[22]. Ин вохуриҳо боиси ба миён омадани ихтилоф байни оилаҳои Пател ва Бҳатт шуд , ки оилаи Пател ба бӯҳрони молиявӣ дучор омаданд. Пас аз он ки падараш пули зиёдро барои эҳёи тиҷорати оилавӣ истифода бурд, нофаҳмиҳоро байни Амиша ва волидайнаш ба вуҷуд омад[23][24]. Моҳи июли 2004, Амиша ба падари худ огоҳии қонунӣ барои нодуруст истифода бурдани ҳисобҳо ва дороиҳои ӯ ба маблағи 120 миллион рупия додааст ва талаб намуд то пулҳоро ба ӯ баргардонад[25]. Муносибати Амиша бо Викрамро аксар вақт дар ВАО гузориш дода мешуд, ки эҳтимол меравад онҳо издивоҷ кардаанд[26]. Моҳи январи соли 2008, расонаҳо хабар доданд, ки Пател ва Бҳатт муносибати панҷсолаи худро қатъ карданд[27]. Бҳатт дар як гуфтугӯ бо Mid-Day ҷудо шуданашонро тасдиқ намуд. Чанде пас, волидони Пател изҳор карданд, ки омодаанд то бо духтарашон оштӣ кунанд ва инчунин гуфтанд: "ҳама аз ҷудошавии онҳо хушҳоланд", аммо муносибатҳои онҳо мустаҳкам боқӣ монд[28]. 12 марти соли 2008, Пател дар Wills Lifestyle India Fashion Week бо соҳибкори муқими Лондон Канав Пурӣ вохӯрданд[29]. Дар моҳи июни соли 2008, вай дар мусоҳиба бо Mid-Day муносибаташ бо Канав тасдиқ намуд. Боре расонаҳо хабар доданд, ки ӯ бо Канав издивоҷ кардааст, аммо Амиша ин овозаҳоро рад кард[30].

Дар моҳи сентябри соли 2010, Mumbai Mirror хабар дод, ки Амиша муносибатҳои худро бо дӯстписараш Канав Пурӣ қатъ кардааст, то диққати худро ба синамо равона кунад[31]. Ӯ инро тавассути Твиттер тасдиқ намуд[32].

Филмшиносӣ[вироиш]

сол Филм Бо забони тоҷикӣ Нақш Шарҳ
2000 Kaho Naa... Pyaar Hai Бигӯ, ки дӯст медори! Sonia Saxena иҷрои аввал (дебютӣ)
2000 Badri Бадрӣ Sarayu
2001 Gadar: Ek Prem Katha Гурезаҳо Sakeena Ҷоиза барои беҳтарин ҳунарпеша
2002 Kranti Дили гарм Sanjana Roy
2002 Kya Yehi Pyaar Hai Магар ин ишқ аст? Sandhya Patil
2002 Aap Mujhe Achche Lagne Lage Ту ба ман писанди Sapna Ҷуфти беҳтарин бо Ритик Рошан
2002 Humraaz Асрори мо Priya Нақши марказӣ
2002 Yeh Hai Jalwa Ин ҷоду аст Sonia Singh Нақши марказӣ
2003 Parwana Парвона Pooja
2005 Vaada Ваъда Pooja Sharma / Varma
2005 Elaan Баёнот Priya
2005 Zameer: The Fire Within Пушаймонӣ Pooja Khanna / Chauhan Нақши марказӣ
2006 Mere Jeevan Saathi Шарики зиндагии ман Anjali Нақши марказӣ
2006 Humko Tumse Pyaar Hai Ман туро дӯст медорам Durga Нақши марказӣ
2006 Ankahee Ноумедӣ Nandita Saxena
2006 Aap Ki Khatir Ба хотири ту Shirani Khanna
2007 Heyy Babyy Салом хурдакак! Ella Иштироки махсус дар суруд
2007 Bhool Bhulaiyaa Пурпечутоб Radha Нақши марказӣ
2007 Om Shanti Om Ом Шантӣ Ом Ella Иштироки махсус
2008 Thoda Pyaar Thoda Magic Каме муҳаббат, каме ҷоду Malaika Нақши дуюмдараҷа
2013 Race 2 Cherry Нақши дуюмдараҷа
2013 Shortcut Romeo Роҳи кӯтоҳи Ромео Monica Нақши марказӣ
2018 Bhaiaji Superhit Бародар, фавқулода! Malika Kapoor
2019 Desi Magic Sonia Saxena / Mahi Deol продюсери қаҳрамони марказӣ[33]

Ҷоизаҳо[вироиш]


Ҷоизаҳои дигар[вироиш]

Сол Маросим Озмун Филм Натиҷа
2001 Annual Filmgoers Awards Беҳтарин нақши занона Kaho Naa… Pyaar Hai Баранда
Kalashree Awards Дебюти ҳангоманок Kaho Naa… Pyaar Hai Баранда
2002 Annual Filmgoers Awards Беҳтарин ҳунарпеша Gadar: Ek Prem Katha Баранда
2008 Salaam-E-Comedy Awards Беҳтарин ҳунарпеша Honeymoon Travels Pvt. Ltd. Номзадшуда

Нигаред низ[вироиш]

Рӯихати ҳунарпешаҳои (актрисаҳо) Ҳиндустон

Эзоҳ[вироиш]

  1. All Time Earners Inflation Adjusted (Figures in Ind Rs). BoxOfficeIndia.Com. 3 феврали 2007 санҷида шуд.
  2. Ameesha Patel to do dandiya!website=www.mid-day.com.
  3. 3.0 3.1 'It's unfair to have just one goal in life'. Rediff (22 November 1999). 29 апрели 2016 санҷида шуд.
  4. Savvy Gehna Mehra. Gadar's special, very very special. Screen Weekly. 4 сентябри 2009 санҷида шуд.
  5. Celeb Chat with Amisha Patel. Screen Weekly. 24 май 2009 санҷида шуд.
  6. Box Office 2000. BoxOfficeIndia.Com. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 августи 2013.
  7. Bharadwaj, Praveena. Who Cares? Shrugs Amisha Patel, Indiatimes (June 2002). Шаблон:Архивировано
  8. Taran Adarsh. Humraaz, Bollywood Hungama. Проверено 5 июли 2002.
  9. WildFilmsIndia Bobby Deol, Vikram Bhatt and Anu Malik on the Muhurat of the film 'Jurm' (6 October 2017).
  10. Amisha learns the sign language. IndiaFM. 2 марти 2006 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)Шаблон:Cbignore
  11. Amisha Patel – When dear Vikram forgot to call CUT!. IndiaGlitz. 30 май 2006 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 июни 2011.
  12. Ameesha trains in scuba diving. Проверено 11 феврали 2008.(пайванди дастнорас)Шаблон:Cbignore
  13. Magically yours. Проверено 16 июни 2008.
  14. Movie Review:Chatur Singh Two Star: Not chatur enough!
  15. Shutters down for Shree Ashtavinayak Cine Vision Ltd - Times of India.
  16. Lalwani, Vickey. When the going gets tough, turn producer (20 April 2011). Шаблон:Архивировано Проверено 20 апрели 2011.
  17. Ameesha Patel creates some Desi Magic. hindustantimes.com.
  18. Hungama, Bollywood Featured Movie News - Featured Bollywood News - Bollywood Hungama. Bollywood Hungama.
  19. Kharaj to share screen with Sunny Deol, Preity Zinta? - The Times of India, The Times of India (8 August 2013).
  20. Bigg Boss 13: Ameesha Patel to add spice and reveal housemates’ secrets; watch promo (24 September 2019).
  21. Bigg Boss 13: Here’s what Ameesha Patel is doing on Salman Khan’s show (29 September 2019).
  22. 'I want to make a film that expresses me'. Rediff.
  23. Amisha-Vikram's mom at war!. Sify. 1 апрели 2004 санҷида шуд.
  24. "My mom beat me with a slipper" – Amisha Patel, Bollywood Hungama. Шаблон:Архивировано Проверено 21 феврали 2005.
  25. Pushy papa's girl grows up & hits back (26 July 2004). Шаблон:Архивировано Проверено 25 июли 2004.
  26. Ameesha Patel and Vikram Bhatt to wed? (6 March 2006). Проверено 6 марти 2006.
  27. Vikram Bhatt admits he's no longer with girlfriend of five years Ameesha Patel. Проверено 17 январи 2008.
  28. Everybody is happy about my daughter's break-up. Шаблон:Архивировано Проверено 16 январи 2008.
  29. New man in Amisha Patel's life?. Sify. 14 марти 2008 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 марти 2008.
  30. Amisha breaks silence on beau. Шаблон:Архивировано Проверено 17 июни 2008.
  31. Amisha Patel is single (again) (24 September 2010). Шаблон:Архивировано Проверено 25 сентябри 2010.
  32. Шаблон:Cite tweet
  33. Ameesha finds director for next film (15 July 2012). Проверено 15 июли 2012.
  34. Nominations for Pan Bahar Max Stardust Awards 2009(пайванди дастнорас — таърих). 10 феврали 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 феврали 2009.
  35. Sansui Viewer's Choice Movie Awards 2002(пайванди дастнорас — таърих). The Hindu (March 8, 2002). 3 феврали 2008 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 май 2012.