Амлаҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Амлаҳ

Амлаҳ (Мулло Миразими Бухороӣ, дар тазкираи Возеҳ «Тӯҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб»; Қозӣ Абдулазими Бухороӣ, дар «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мӯҳтарам; ?, Бухоро1894, ҳамон ҷо) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Дар замоне ки Возеҳ тазкираашро тадвин кардааст, Амлаҳ дар «авоили шубоб», Қуръонро «хуб забту ҳифз намуда» буд. Ба қавли Возеҳ, дар шеър низ қудрат доштааст. Дар тазкираи Мӯҳтарам аз Амлаҳ чун шахси баркамол ва ба мансаби қозигӣ расида ёд мешавад. Амлаҳ дар навишти хат, махсусан настаълиқ маҳорат доштааст. Шоири ғазалсаро низ будааст. Мавзӯи асосии ғазалҳояш ишқ аст. Зимни онҳо баъзе байтҳои ҳасбиҳолӣ, андарзӣ вомехӯранд. Дар ду тазкираи номбурда аз Амлаҳ 60 байт намуна оварда шудааст. Дар баёзҳои асри 19 низ намунаҳои ашъори Амлаҳ ба назар мерасанд.

Абёти зерин аз ӯст:

Рӯзу шаб аз олами таҳқиқ дар гӯшам садост,
К-ихтилоти мардуми беҳудагӯ доми балост.
Дам фурӯ каш маҳрами хилватгаҳи мардум шавӣ,
Сурмаро аҷри хамӯшӣ ҷой андар дидаҳост.
Эй табиби бехирад, аз фикри дармонам гузар,
Ман маризи кӯҳнаи ишқам, ки дардам бедавост.
Ман на танҳо доғам, Амлаҳ, аз ҷафои рӯзгор,
Лоласон, ҳар дил, ки мебинам ба доғе мубталост.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Мӯҳтарам, Тазкират-уш-шуаро, Д., 1975;
  • Возеҳ, Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб, Д., 1977.

Сарчашма[вироиш]