Амонии Хуросонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амонии Хуросонӣ (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири форс-тоҷик (а. 11).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз шоирони дарбори Салҷуқиён буд. Дар Хуросон зиндагиву эҷод кардааст. Ҷузъиёти зиндагиномааш маълум нест. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ ҳукмрони сулолаи Салчуқиён Шамсуддавла Туғоншоҳ ибни Арслон Амонии Хуросониро аз зиндон раҳо кард ва ӯ барои шукргузорӣ аз ҳокими номбурда маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-ро ба номи вай иншо намуд (баъди с. 1056). Дар маснавӣ омадааст, ки Амонии Хуросонӣ дар навъҳои дигари шеър асарҳо доштааст, вале онҳо то ҳол дастрас нагардидаанд. «Юсуф ва Зулайхо»-ро баъзе муҳаққиқон иштибоҳан ба Абулқосими Фирдавсӣ нисбат додаанд ва он борҳо чоп шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Саид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Т., 1344 ҳ. ш.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]