Амонӣ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амонӣ (шоир)
Навъи фаъолият: шоир

Амонӣ (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 16).

Дар Бадахшон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигорон Амонӣ аз шоирони муътабари замон буда, табъи баланди шеъргӯӣ доштааст. Дар тазкираҳову баёзҳо намунаҳое аз ашъораш дарҷ гардидаанд.

Абёти зерин мебошанд:

Гар наям моили рухсори ту, ҳайронӣ чист?
В-ар надорам сари зулфи ту, парешонӣ чист?
Гар на чун шамъ ба савдои ғамат месӯзам,
Ғунчасон дар дилам ин оташи пинҳонӣ чист?
Гуфтам: «Эй дил, ба ту сад бор, ки ошиқ нашавӣ,
Чун шудӣ, оқибатуламр пушаймонӣ чист?»
Заррае зӯҳду салоҳ аз мани мискин маталаб,
Кофари ишқ, чӣ донад, ки мусулмонӣ чист?...

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳабибов А., Ганҷи Бадахшон, Д., 1972.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]