Амон Нуров
Амон Нуров | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 23 феврали 1938 |
| Таърихи даргузашт | 9 августи 2020 (82 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Амон Нуров (23 феврали 1938, деҳаи Виткон, ноҳияи Масчо — 9 августи 2019) — донишманд, луғатшиноси варзидаи тоҷик, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1990).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Амон Нуров 23 феврали соли 1938 дар деҳаи Виткони ноҳияи Масчо ба дунё омадааст[1]. Дар 6-солагӣ аз падар ятим монда, таҳсилотро дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Камодон оғоз намудааст. Даврони наврасиро дар сағирахонаи деҳаи Мадрушкати ноҳияи Масчо ва ду соли охири таҳсилро дар сағирахонаи Шаҳринави ноҳияи Ҳисор гузаронидааст.
Соли 1954 ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1959 бо дипломи аъло хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1959-1966 ходими илмии Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии АИ ҶШСТоҷикистон, дар як вакт наттоқи теливизиони навбунёди тоҷик буд.
Аз 1966 то 1969 муаллими мактаби миёнаи рақами 6 ноҳияи Масчо. Аз сентябри соли 1969 муҳаррири калони илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик буд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Амон Нуров яке аз пуркортарин олимони соҳаи луғатшиносии тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ дар таҳияи илмии «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои 1-2, Маскав, 1969) ҳамчун яке аз мураттибон саҳми арзанда гузоштааст.
Саҳми ӯ дар баргардон ва таҳияи фарҳангҳои классикӣ ба хати сириллик хеле бузург аст. Аз ҷумла, асарҳои зерин бо кӯшиши ӯ ба нашр расидаанд:
- «Фарҳанги осори Ҷомӣ» (ҷилди 1 — 1983, ҷилди 2 — 1984);
- «Фарҳанги осори Рӯдакӣ»;
- «Ғиёс-ул-луғот» (дар 3 ҷилд);
- «Чароғи ҳидоят»;
- «Бурҳони қотеъ» (дар 3 ҷилд).
Инчунин, мавсуф муаллифи силсиламақолаҳои илмӣ дар ҷилдҳои «Энсиклопедияи советии тоҷик» мебошад.
Ҷоизаҳо ва медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Медали «Ветерани меҳнат»;
- Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон;
- Корманди шоистаи фарҳанги РСС Тоҷикистон (1988);
- Аълочии матбуоти СССР;
- Ҷоизаи давлатии ба номи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1990).
- Узви Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ (аз соли 1979)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Луғатшиноси маъруф дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт - РӮЗГОР. ruzgor.tj. 5 Январ 2026 санҷида шуд.