Амруллоҳ Солеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амруллоҳ Солеҳ
дарӣ: امرالله صالح
Президент Ашраф Ғанӣ
Пешгузашта (барқарор) Ҳомид Карзай

Таваллуд 15 октябр 1972(1972-10-15) (51 сол)
Ҳизб
Эътиқод суннӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Амруллоҳ Солеҳ (дарӣ: امرالله صالح, зод. 15 октябр 1972, вилояти Панҷшер, Подшоҳии Афғонистон) — ходими сиёсиву давлатӣ, муовини аввали Раъисиҷумҳури Афғонистон. Собиқ раъиси Раёсати умумии амнияти миллӣ ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон.

Пеш аз раёсати иттилооти Афғонистон, узви Иттиҳоди Шимоли Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Соли 1997 Солеҳ тавассути Масъуд ба унвони дафтари робити Иттиҳоди Шимол дар дохили сафорати Афғонистон дар Душанбе мансуб шуд. Солеҳ пас аз истеъфо аз раёсати амнияти миллӣ Ҷунбиши демокросихоҳу зиддитолибиро эҷод кард, ба номи Басеҷи миллӣ ва раванди сабз. Соли 2018 аз ҷониби Раъисиҷумҳур Ашраф Ғанӣба унвони вазири умури хориҷа ва соли 2019 вазири кишвари Афғонистон таъйин шуд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Амруллоҳ Солеҳ мутаваллиди 15 соли 1972 дар вилояти Панҷшери Афғонистон аст. Дар соли 1990 ба муҷоҳидин пайваст. Дар авохири солҳои навад ҳамчун узви Ҷабҳаи муттаҳида шинохта мешавад. То вуқӯъи ҳодисоти 11 сентябри соли 2001 дар баробари Толибон, ал-Қоида ва артиши Покистон мубориза бурд.

Сӯиқасд[вироиш | вироиши манбаъ]

Амруллоҳ Солеҳ борҳо ҳадафи террор қарор гирифтааст. Ӯ зимни мусоҳибае дар Иёлоти Муттаҳида иброз дошт:

«Мутмаъинан, агар онҳо маро бикушанд, ман ба хонаводаву дӯстонам гуфтаам, ки аз ҳеч чиз гила накунанд, зеро ман боифтихор бисёре аз онҳоро куштаам. Бино бар ин, ман як ҳадафи бисёр машрӯъ ҳастам, бисёр машрӯъ. Зеро, вақте ки дар баробари онҳо боистед, тамоил ба истодан дар баробари онҳо бахше аз хуни ман аст. Ман муътақидам, онҳо иштибоҳ мекунанд.»

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]