Амфиболҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Амфибол)
Сохтори амфиболҳо

Амфиболҳо (аз юн.-қад. ἀμφίβολος — гурӯҳи минералҳои ҷинсофарин — пайвастҳои силикатии магний, оҳан, калсий, гоҳо алюминий ва ишқорҳо, ки об, фтор ва хлор доранд. Aормулаи умумии амфиболҳо — AB2C5T8O22W2 [1], дар инҷо

A _ Na K Ca Pb Li
B2 Na Ca Mn2+ Fe2+ Mg Li
C5 Mg Fe2+ Mn2+ Al Fe3+ Cr3+ Mn3+ Ti4+ Li
T8 Si Al Ti4+ Be
O22 Оксиген
W2 (OH) F Cl O2–
дар ҷои аввал унсурҳои камтар характерноки амфиболҳои истодааст; аломати хатаки поён "_" ҷои холиро ифода мекунад.

Дар системаҳои моноклинӣ ва ромбӣ кристалл мебанданд. Бештар дар шакли кристаллҳои призмавӣ, сӯзаншакл ва нахмонанд вомехӯранд. Амфиболҳо сиёҳ, сабз, кабуд, сиёҳтоб ва беранг шуда метавонанд. Сахтиашон 5,0 — 6,0; зичиашон 2800 — 3600 кг/м3. Аксар ба таркиби ҷинсҳои метаморфӣ (амфиболит) ва фишонда (габрро, диорит) дохил мешаванд. Ба амфиболҳо минералҳои тремолит, актинолит, глаукофан, арфведсонит, антофиллит ва ғ. мансубанд. Хелҳои маҳиннахи амфиболҳо — амфибол-асбестро (ниг. Асбест) ҳамчун масолеҳи гармию кислотатобовар ба кор мебаранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. IMA report: Nomenclature of the amphibole supergroup (PDF Download Available)(англ.). ResearchGate. 27 августи 2017 санҷида шуд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]