Амшоспандон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Амшоспандон (Aməša Spənta) — дар таълимоти зардуштия аввалин офаридаҳои муҷарраду муқарраб ва муқаддаси Аҳура Маздо.

Аз ҷиҳати миқдор амшоспандон шаш адад буда, адабиёти зардуштӣ гоҳо «Спента майню»-ро ҳамчун сарпараст ба он ҳамроҳ мекунанд ва гоҳо низ худи Аҳура Маздоро дар раъси амшоспандон қарор дода, миқдори онро ба 7-то мерасонанд. Аз ин рӯ, адади 7 ( 7 табақаи замин, 7 табақаи осмон, 7 кишвар, 7 иқлим, 7 хони Рустам, 7 гунбади сипеҳр, 7 ормони порсоӣ ва ғ.) дар ойини зардуштӣ маънои қудсӣ пайдо кардааст. Амшоспандон асоси фаришташиносии ойини зардуштӣ ба шумор мераванд, зеро онҳо дар олами улвӣ (миноӣ) мазҳари исму сифатҳои Аҳура Маздоро ифода карда, боиси ба вуҷуд омадани олами муҷаррад ва моддӣ (гетӣ) мегарданд. Номи онҳо аз 6 номи моҳҳои 12-гонаи Эрони бостон гирифта шудаанд ва ҳар яке аз онҳо як «фаришта-худо» шинохта шудаанд.

Аввалин офаридаи Аҳура Маздо Воҳу Мана (Воҳу – нек ва Мана – андеша) ё Баҳман (номи моҳи 11-уми солшумории ҳ. ш.) мебошад. Он барқароркунандаи робитаи байни олами миноию гетӣ аст. Баҳман ҳамон фариштаест, ки бо пайғамбари ойини зардуштӣ ваҳйи аҳуроиро оварда буд ва чун асоси ҳастӣ дар зардуштия бар пояи хайру некӣ қомат афрохтааст, Воҳу Мана, ҳамчун андешаи нек, аввалин шакли муҷарради олами моддии аз нури аҳуроӣ содиршуда мебошад. Аз ин рӯ, дар олами моддӣ низ бо ҳамин сон андешаи неки инсонӣ, ки отифаи аҳуроӣ дорад, воситаи асосии таҷдиду такомули он хоҳад гардид. Ҳар як амшоспанд вобаста ба хусусиятҳои зотиаш муваккилу нигаҳбони навъҳои гуногуни ҳастии олами моддӣ мебошад ва бо мунтақили ин хусусиятҳои зотӣ ба олами гетӣ силсилаи мақулаҳои ахлоқӣ арзи вуҷуд менамоянд. Ба ин маънӣ, Воҳу Мана дар олами моддӣ ҳомӣ ва муваккилу нигаҳбони ҳайвонот (галаву рама) ва инсон мебошад, ки аввалӣ ишора ба ҳаёти соҳилнишинӣ мекунад ва дар дуюмӣ одамиро то ба дараҷаи инсони комил расиданаш ҳикоят менамояд. Амшоспанди дуюм Аша Ваҳишта (Урдубиҳишт) аст. Он ҳамчун ифодаи беҳтарин ростӣ ва нерӯи кӯшишу муҷоҳида барои маърифат ва шинохти низоми волои аҳуроӣ дар олами миноӣ, муваккилу нигаҳбони оташ дар олами моддӣ мебошад, чун оташ мазҳари хулусу покӣ, беолоишӣ ва мазҳари равшаноию нури худовандӣ аст. Амшоспанди сеюм Хшатра Вайриа (Шаҳривар) ба маънои тавоноии баргузида мебошад, қудрату фармонравоӣ ва салтанати шаҳриёрӣ дар беҳтарин кишвари баргузидаро ифода мекунад. Шаҳриёрӣ дар кишвари неки ормонӣ додаи Худованд ба шакли хирадманду накӯкор, росткору созанда ва бархурдор аз қудрати ҳомии филизот мебошад, зеро он дар устуворӣ ба мисли осмон аст ва осмонро буну гавҳар ба мисли обгунагии филизот будааст. Спента Армаитӣ (Сипандормуз) амшоспанди чаҳорум аст, ки маънои таҳтуллафзиаш хиради комил ва мазмуни истилоҳиаш расидан ба хушбахтӣ ва даст ёфтан ба номи неки абадист. Инсон вақте метавонад ростӣ ва росткориро пеша кунад, ки маниши пок ва ишқи ноб ба офаридаҳои Аҳура Маздо дошта бошад. Аз ин рӯ, Спента Армаитиро метавон муҳаррики хубию некӣ ва покӣ дар ҷисми инсон шуморид. Он дар олами миновӣ манбаъ ва маншаи фурӯтаниву тавозӯъ, порсоии муқаддас ва нерӯи камолу андешаи фараҳбахш буда, дар олами моддӣ муваккилу нигаҳбони замин ва барзгарию кишоварзӣ мебошад. Ҳоурутот амшоспанди панҷум буда, маънои расоии комил ва мазмуни саодату беҳрӯзии инсон, нерӯи камолот ва ҳуввияти худшиносии инсонро дар худ таҷассум менамояд. Такомули порсоии аҳуроӣ инсонро ба ҷовидонию бемаргӣ мерасонад. Он ҳомию муваккили обҳои равону пок мебошад, ки заминро шодобу киштаро ба бӯстон табдил медиҳад. Дар адабиёти зардуштӣ Ҳоурутот бо Амретот (Амредод), ки бемаргию ҷовидониро ифода мекунад, якҷоя ҳамчун сифатҳои беоғозу беанҷом ва ҷовидонии Худованд баррасӣ шудаанд. Зеро Амретот ҳамчун шашумин амшоспанд баҳори зиндагиеро мемонд, ки инсон барои ҳамеша по ба кишвари фурӯғи Аҳура Маздо мегузорад. Он дар олами моддӣ муваккилу нигаҳбони гиёҳону наботот мебошад.

Амшоспандон мавҷудоти муқаддасанд ва аз худоёни инсон инсонгунаи тозардуштӣ, ки дар эзидкадаи (пантеон) оини зардуштӣ ба унвони фариштаҳои ёвари Аҳура Маздо дохил шудаанд, фарқ доранд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Брагинский И. С., Иранское литературное наследие, М., 1985;
  • Ҳазратқулов М., Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ, Д., 2006;
  • Ҷалолуддини Оштиёнӣ, Зардушт, Маздаясно ва ҳукумат. Т., 1374;
  • Ҳошими Розӣ, Ҳикмати Хусравонӣ, Т., 1379;
  • Абулқосими Партав, Андешаи фалсафии эронӣ, Т., 1973.

Сарчашма[вироиш]