Амёбиаз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Амёбиаз
Trophozoites of Entamoeba histolytica with ingested erythrocytes.JPG
Трофозоиты Entamoeba histolytica с поглощёнными эритроцитами
МКБ-10

A0606.

МКБ-9

006006

DiseasesDB

4304

MedlinePlus

000298

eMedicine

/ 

MeSH

D000562

'Амёбиаз' (дизентерияи амёбавӣ)бемории сироятӣ, ки дар натиҷаи ба бофтаҳои рӯдаи ғафс ва баъзе узвҳои дарун осеб расондани амёбаи исҳоли хунин (Entamoeba histolytica) рӯй медиҳад.

Сироятёбӣ[вироиш]

Сироят дар натиҷаи ба воситаи об ё таом фурӯ бурдани систаи амёба ба вуқӯъ меояд. Амёба қабатҳои пардаи луобии бофтаҳоро захмдор намуда, ба хун мегузарад ва мумкин аст дар ҷигар, гурда ва шуш думмал ҳосил кунад. А. хоси иқлими гарм аст. Ҳомилони ангезандаи А. аз нигоҳи эпидемиологӣ хавфноканд. Дар рафти инкишофи амёба марҳалаи нашв ва давраи оромӣ (систа) вуҷуд дорад. Систа ба таъсири омилҳои муҳит тобовар буда, дар пасафканд зиёда аз 15 шаборӯз, дар замини намнок то 8 шаборӯз, дар меваю сабзавот, ашёву анҷоми хона якчанд рӯз зинда мемонад; баробари ҷӯшондан ва хушкондан, маҳв мешавад. Ҳангоми ба организм ворид гардидани амёба аломатҳои беморӣ ҳамеша падид намеоянд. Ин гуна одамон ҳомили амёба ҳисоб ёфта, барои дигарон хавфноканд. Беморон ва ҳомилони бактерия бо пасафканди худ систаҳои амёбаро ихроҷ менамоянд. Систаҳо аз одам ба одам ба воситаи дастҳои олуда, асбобу анҷоми рӯзгор мегузаранд. Сироят аз бактерияҳо инчунин дар натиҷаи бо хӯрокӣ фурӯ бурдани систаҳои амёба (мас., бо сабзавоти ношуста ва оби ҷӯйбору ҳавзҳо) ба амал меояд. Дар давоми як ҳафта (баъзан чанд моҳ) систаҳо дар бадани инсон зиндагӣ мекунанд, вале ягон аломати касалӣ зоҳир намегардад (давраи ниҳонӣ). Беморӣ тадриҷан оғоз меёбад. Сустӣ, бетобӣ, камиштиҳоӣ, аксар вақт дарди шикам, дарунравӣ (рӯзе то 10 – 15 маротиба) рӯй медиҳад. Пасафканд обакӣ ва хунолуд мешавад; ҳарорати бадан мӯътадил аст. Баъзан (бештар дар кӯдакон) беморӣ шиддат меёбад; шикам сахт дард мекунад, пасафканд рақиқ (тунук), шилмак ва хунолуд гардида, рӯи забонро пардаи сафедча фаро мегирад, аломатҳои заҳролудии организм (сустӣ, нотобӣ, сардард, дилбеҳузурӣ, қай) мушоҳида мешаванд. Дар сурати муолиҷа накардан ва ё худмуолиҷа беморӣ музмин гашта, бодҳои ногувор (шикоф шудан ё кафидани рӯда, инкишофи думмал дар ҷигар ё майна) ба вуҷуд меоянд.

Муолиҷа[вироиш]

Муолиҷа фақат дар беморхона гузаронда мешавад. Беморонро баъди аз беморхона баромадан духтури дармонгоҳ таҳти назорат мегирад. Ҳангоми ихтилоли кори меъдаю рӯдаҳо фавран ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]