Анадолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анадолӣ — навъе аз олуболу. Аслан аз Осиёи Марказӣ аст.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарахташ қадбаланд (беш аз 4,5 м), устувонашакл, зудсабз; дар 4—5-солагӣ самар медиҳад. Шохҳояш парешон; баргаш майдаи байзашакл, сабзи баланд, думчааш ғафс (дарозиаш то 20 мм). Мевааш думчадарози (50 мм) миёнаҳаҷми лӯнда, пӯсташ маҳин, рангаш сурхи сиёҳтоб, мағзаш мулоими сероб, таъмаш нордони гуворо, донакаш ҳаҷман миёна (8x9 мм). Дарахти анадолӣ серҳосил буда, дар 7—8-солагӣ 30—35 кг, дар 20—25-солагӣ 50 — 80 кг мева медиҳад (охири июн — аввали июл пухта мерасад). Онро барои тархӯрӣ, тайёр кардани мураббо, шарбат ва афшура истифода мебаранд.

Парвариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои парвариши анадолӣ иқлими Тоҷикистон мувофиқ аст. Анадолӣ ба сармо ва хушкӣ тобовар буда, то 35 сол умр мебинад. Дар мавриди бо олуболуҳои навъи Подбелский, Гриоти украинӣ, Лотовка якҷоя шинондан ҳосили хуб медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]