Анатолий Благонравов
Анатолий Аркадевич Благонравов | |
|---|---|
| Акс:Blagonravov AA.jpg | |
| Таърихи таваллуд | 20 майи (1 июни) 1894 ё 1 июни 1894[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 4 феврали 1975[2][3] (80 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | механика |
| Ҷойҳои кор | |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ[d] |
| Алма-матер | |
| Ҷоизаҳо | |
Анато́лий Арка́девич Благонра́вов (20 май (1 июн)и 1894, деҳаи Анковои губ. Владимир — 4 феврали 1975, Маскав) — механики шӯравӣ (дар соҳаи баллистика), академики АИ ИҶШС (1943), генераллейтенанти артиллерия, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1964, 1974), Ходими хизматнишондодаи Илм ва Техникаи РСФСР (1940).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Институтиполитехникии Петроград (1916), худи ҳамон сол Омӯзишгоҳи артиллериявии Михайлов, Мактаби олии артиллерия (1929) ва Академияи ҳарбии техникиро (1929) хатм кардааст. Президенти АИ артиллерӣ (1946-50), директори Институтимошиншиносӣ (1953), акад. котиби шуъбаи илмҳои техникаи АИ ИҶШС (1957-63), узви ҳақиқии Академияи байналхалқии астронавтика. Благонравов асосан дар масъалаҳои механика, аслиҳаи оташфишон, аслиҳаи авиатсионӣ ва кайҳонӣ таҳқиқоти илмӣ кардааст. Узви Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Бузурги Советӣ (нашри 2 ва 3), раиси Комиссияи АИ ИҶШС оид ба таҳқиқ ва истифодаи фазои Кайҳон, ноиби Президенти Кумитаи байналхалқии таҳқиқоти кайҳонӣ (КОСПАР) буд. Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1941) ва Мукофоти ленинӣ (1960). Бо 5 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, «Ситораи Сурх», 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Visuotinė lietuvių enciklopedija Online (лит.)
- ↑ Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Благонравов Анатолий Аркадевич // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Зодагони 1 июн
- Зодагони соли 1894
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони 4 феврал
- Даргузаштагони соли 1975
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо