Jump to content

Анафилаксия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анафилаксия
ИхтисосEmergency medicine, Масуниятшиносӣ Edit this on Wikidata
Анафилаксия
МКБ-10 T78.278.2
МКБ-9 995.0995.0
DiseasesDB 29153
MedlinePlus 000844
eMedicine med/128 
MeSH D000707

Анафилакси́я (аз юн.-қад. ἀνά- «аз нав» ва ἀφύλαξις «беҳимоятӣ») — як намуди реаксияи аллергӣ, ки ҳангоми такроран ба организм ба воситаи пӯст ё мушак (на ба воситаи узвҳои ҳозима) ворид намудани баъзе моддаҳои аллергиязо ба вуҷуд меоянд.

Анафилаксия дар намуди реаксияи умумӣ ё ҷузъӣ (мас., чун иллати пӯст) зоҳир мешавад. Реаксияи умумию хеле аёни организмро сактаи анафилаксӣ меноманд. Зуҳуроти гуногуни анафилаксия, аз ҷумла сактаи анафилаксӣ, дар натиҷаи истеъмоли баъзе доруҳо, неш задани занбӯри асал, орую говзанбӯр, ба роҳи нафас афтодани гарди рустаниҳо (агар баъди тадохули пештараи аллерген организм нисбат ба он ҳассос шуда бошад) ба вуҷуд меояд. Душвор гардидани нафаскашӣ, паст шудани фишори хун ва беҳушӣ аломатҳои асосии сактаи анафилаксӣ мебошанд. Ҳангоми сактаи анафилаксӣ бемор ба ёрии таъҷилии тиббӣ мӯҳтоҷ аст.

Бе тавсияи духтур истеъмол накардани доруҳо (беназорат истеъмол кардани онҳо боиси баланд шудани ҳассосияти организм мегардад); агар ҳангоми истеъмоли дору ин ё он реаксияи аллергӣ (обварам, саглес ва ғайра) рӯй диҳад, албатта ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Бо мақсади табобати анафилаксия адреналин, эфедрин, доруҳои гормонӣ ва ғайраро кор мефармоянд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Тагоченко В. К., Педиатру на каждый день (справочник по лекарственной терапии), М., 1997;
  • Лесков В. П., Чередеев А. Н., Горлина Н. К., Клиническая иммунология для врачей, М., 1997.