Анбоз (рӯзнома)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Анбоз» (пештара «Пионери Тоҷикистон») — рӯзномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

23 феврали соли 1932 Шӯрои Комиссариати Халқии Тоҷикистон масъалаи ҷудо кардани маблағро барои нашрияи мактабиён баррасӣ намуд. Бо пешниҳоди устод Сотим Улуғзода рӯзнома номи «Пионери Тоҷикистон» — ро гирифт. Шумораи нахустин 5 апрели соли 1932 ба табъ расид ва чанд сол бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд. Саҳифае ба забони русӣ ҳам дошт[1].

«Пионери Тоҷикистон» солҳои 30-юми асри гузашта дар ташвиқу тарғиби маҳви бесаводии аҳолӣ – бачаҳову хонаводаҳои онҳо, саҳми худи бачаҳо дар босаводкунии калонсолон хидмат намуд. Дар бораи наврасоне менавишт, ки ба бунёдкорони қисмати тоҷикистонии Канали калони Фарғона вақти танаффуси корӣ рӯзномаву маҷалла мехонданд, алоқачии байни қитъа­ҳои сохтмон буданд, корҳои дигари ёрирасониро иҷро менамуданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзнома муваққатан аз нашр боз­монд. Баъди Ғалаба, 9 майи соли 1946, чопаш барқарор шуд ва шумора ба шумора дар бораи қаҳрамониву фидокориҳои бачаҳо дар солҳои ҷанг мақола чоп мекард. Ҳамзамон, мардумро ба барқарорсозии хоҷагии халқ даъват менамуд.

Устод Садриддин Айнӣ бо хоҳиши ҳайати эҷодӣ барои нашрия гоҳ-гоҳ мақола менавиштанд. «…Шумоён забону адабиёти модарӣ ва русро нағз омӯзед!..». Ин насиҳати устод, ки тавассути «Пионери Тоҷикистон» моҳи августи соли 1950 чоп шуд, имрӯз ҳам арзиши худро гум накардааст.

Рӯзнома дар байни бачаҳо ташкилотчии корҳои судманд буд. Масалан, барои сохтани экскаватори «Пионери Тоҷикистон» соли 1959 дар байни мактабиён 20 рӯзи оҳанпораҷамъкунӣ эълон кард. Экскаватор барои Комбинати масолеҳи сохтмони шаҳри Сталинобод сохта шуд.

Солҳои 60-ум аз оҳанпораи ҷамъовардаи мактабиёни собиқ шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳайкали Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Домулло Азизовро тайёр карда, дар шаҳр гузоштанд.

Солҳои 70 — 80-ум низ ташаббусҳои наҷиби «Пионери Тоҷикис­тон» зиёд буданд. Масалан, соли 1981 иқдоми рӯзнома «Китобҳои хуб — барои бачаҳо»-ро на танҳо мактабиён, балки калонсолон, аз ҷумла адибон, дастгирӣ намуданд.

Солҳои 80-ум рӯзнома ҳафтае ду маротиба ва бо теъдоди беш аз 300000 нусха ба табъ мерасид. Варианти русии он, ки адади нашраш тақрибан 20 000 нусха буд, бо шумораи тоҷикӣ дар як рӯз аз чоп мебаромад.

Сармуҳаррирон[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои гуногун Ғ. Ализода, Қ. Муҳаммадиева, Н. Почоҷонов, А. Будкевич, Ҳ. Обидӣ, Р. Болтаев, А. Қаҳҳорӣ, В. Асрорӣ, Қ. Наимӣ, И. Раҳматов, А. Баҳорӣ, Б. Шарифов, Б. Маҳкамов, М. Ҳакимова, Г. Сафиева, Т. Нигорӣ, Ҳ. Хушқадамова, Т. Султонӣ сармуҳаррири рӯзнома буданд. 12 марти 1982 рӯзнома барои фаъолияти пурсамараш дар тарбияи наврасон бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.

Адади нашр[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз сентябри 1991 номи «Анбоз»-ро гирифт. Адади нашраш 5000 (2010). Сармуҳаррираш Х. Ҷумъазода.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Нашрияи «Садои мардум», шумораи 94, соли 2017

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]