Анвар Бобоев
Jump to navigation
Jump to search
Анвар Бобоев | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 1914 |
Зодгоҳ | деҳаи Чорчироғ, ноҳияи Ғарм |
Ҷоизаҳо |
Анвар Бобоев (1914, деҳаи Чорчироғи ноҳияи Ғарм — 1994, деҳаи Турдибобои ноҳияи Ҳисор) — пахтакор. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1951), иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945).
Зиндагинома[вироиш]
Солҳои 1934—1943 колхозчии хоҷагии «Тоҷикистони Сурх», 1946—1975 сардори бригадаи пахтакории хоҷагии ба номи Дзержинскийи ноҳияи Ҳисор. Бригадааш ба гирифтани ҳосили фаровони пахта муваффақ шудааст.
Ордену медалҳо[вироиш]
Бо ордени Ленин, медалҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- Бобоев Анвар // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.