Анвар Тавобов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анвар Тавобов
Анвар Тавобов
Таърихи таваллуд: 1954(1954)
Зодгоҳ: шаҳри Хуҷанд
Навъи фаъолият: нависанда ва тарҷумон,шоир

Анвар Тавобовшоир, нависанда ва тарҷумон. Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Узви иттифоки нависандагони Русия (соли 1995), ва узви Иттифоки нависандагони СССР (соли 1989) мебошад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Анвар Тавобов соли 1951 дар шаҳри Ленинобод таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи ба номи В.И.Ленин дар Омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникӣ котиби созмони комсомолон будааст. Дар факултаи забону адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров хонда, соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1977 дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Ленинобод ба ҳайси хабарнигор ва муҳаррир сар кардааст. Алҳол дар Маскав зиндагӣ ва кору эҷод мекунад. Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.Забонаш сода ва пурмазмун аст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Омодасозии барномаҳои адабӣ барои ӯ мактаби суханварӣ гардида, аввалин шеърҳояш дар маҷаллаи «Помир» чоп шудаанд. Асарҳои алоҳидаи нависандагону шоирони тоҷик Лоик Шерали, Аъзам Сидки, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Неъмат Шариф, Равшан Замир ва Юсуфи Насруллоро ба русӣ гардондааст. Романи нави ӯ «Середина мира» соли 2011 дар Русия нашр шуд ва соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Н.С.Лесков гардид.[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 246 ISBN 978-99947-2-379-9