Анвори Суҳайлӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анвори Суҳайлӣ
Нигора
Бар пояи Panchatantra[d]
Жанр legend[d]
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) The Anvar-i Suhayli ('Lights of Canopus')[d]
Нависанда Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Анвори Суҳайлӣ» — яке аз таҳрирҳои китоби «Калила ва Димна» аст, ки дар садаи XV ба саъйи Кошифӣ анҷом ёфтааст. Кошифӣ таҳрири матнро дар асоси «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ ба поён расонда, китоби худро ба вазири Ҳусайни Бойқаро Низомуддин Аҳмади Суҳайлӣ бахшидааст. Кошифӣ бобҳои 1-ум ва 2-юми «Калила ва Димна»-ро ихтисор намуда, ба ҷои он ҳикояти подшоҳи Чин, Рой Добшилим ва Бидпойро дохил карда, адади ҳикоёти пандомӯзи дохили бобҳоро аз 40 ба 100 расондааст. Кошифӣ сабки маснӯи Абулмаолиро то андозае сода ва амсолу ашъори арабӣ, ибораҳои маснӯъро аз асар хориҷ намуда, ҳикоёти парокандаи китоби ӯро мураттаб сохтааст. Инчунин Кошифӣ ба ҷои порчаҳои манзум ва зарбулмасалу ҳикматҳои арабии он ашъори шоирони форс-тоҷик ва зарбулмасалу мақолҳои тоҷикиро фаровон ба кор бурдааст. Вале ҳанӯз ҳам он тобеи сабки пуртакаллуфи насри садаи XV буда, аз суханпардозӣ орӣ нест. Бинобар ҳамин онро баъдтар Абулфазл ибни Муборак бо номи «Иёри дониш» (1588) ба форсӣ таҳрир кард. «Анвори Суҳайлӣ» чун тамоми таҳрирҳои «Калила ва Димна» асари панду ахлоқӣ буда, дар ҳикоятҳои тамсилии он хулқи нек, ватанпарастӣ, мардумдӯстӣ, адолатпешагӣ ва дигар хислатҳои инсонӣ тарғиб шудааст. Ин асар дар гузашта ба сифати китоби дарсӣ истифода мегардид. Таҳрири Кошифӣ ба чандин забонҳои Шарқу Ғарб тарҷума ва нашр шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Калила ва Димна, аз рӯи «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (танзим ва таҳрири нави Р. Ҳодизода), Д., 2009.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]