Ангезаҳои рушди растанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ангезаҳои рушди растанӣ, ё фитоҳормонҳо — пайвастҳои табиӣ ё сунъӣ, ки рушду инкишофи растаниро метезонанд. Ба ангезаҳои табиӣ фитогормонҳо (аз қабили ауксинҳо, гиббереллинҳо, ситокининҳо) ва баъзе витаминҳо мансубанд. Баъзе ангезаҳо, бахусус аз гурӯҳи ауксинҳо (гетероауксин, кислотаи индолбутанат ва кислотаи α-нафтиласетат)-ро бо роҳи синтез ҳосил кардан мумкин аст. Моддаҳои гурӯҳи ауксинҳоро барои тезондани решагирии қаламчаҳои дарахтони мева (олу, олуболу ва ғ.) ва растаниҳои ороишӣ истифода мебаранд. Моддаҳои гурӯҳи гиббереллинҳо рушди поя ва раванди ҳосилшавии меваро метезонанд. Ангезаҳои сунъӣ фаъолияти ингибиторҳои рушди даруниро қисман суст карда, фаъолияти фитогормонҳоро афзун мегардонад. Ангезаро дар шакли маҳлул, хамира, эмулсия, аэрозол, буғ истифода мебаранд. Дар натиҷаи кор фармудани ангеза дарахтони мева зуд гул карда, самар меоранд, андозаи мева калон (мас., ангур) мешавад. Ангезаро барои пешгирии рехтани меваи дарахтони себу нок, аз ҳолати карахтӣ баровардани тухмӣ, зуд пухта расондани меваҳои ғундошта ва ғ. низ ба кор мебаранд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Никелл Л. Дж., Регуляторы роста растений, М., 1984;
  • Кефели И., Прусакова Л. Д., Химические регуляторы растений, М., 1985.

Пайвандҳо[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2017.