Ангезаҳои фаъолияти асаб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ангезаҳои фаъолияти асабдоруҳое, ки фаъолияти рӯҳӣ ва ҷисмонии организмро метезонанд.

Ангезаҳои фаъолияти асаб вобаста ба хусусияти таъсир қувватбахш, рӯҳгиро (психотропӣ), рӯҳнавоз, ноотропӣ ва ғ. мешаванд. Баъзе давоҳои дигар низ хусусияти ангезаҳоро доранд, чунончи, алкалоидҳои стрихнин, секуринин ва бархе аз давоҳои наботӣ. Стрихнин ва секуринин марказҳои ҳароммағзро меангезанд. Стрихнин узвҳои ҳис, аз ҷумла фаъолияти анализаторҳои босираро низ ангезиш медиҳад. Доруҳои мазкурро асосан дар мавриди нимфалаҷ ва фалаҷ, заъфи умумии мубодилаи моддаҳо, беҳолӣ (астения) таъйин мекунанд. Давоҳои наботӣ бештар дар ҳолатҳои хастагӣ, астения, гипотензия ва ғ. таъйин карда мешаванд. Доруҳои қувватбахш фаъолияти марказҳои муҳими майнаи дарозрӯяро, ки нафаскашӣ ва гардиши хунро танзим менамоянд, пурзӯр мегардонанд. Кофеин, кофур, стрихнин ва ғ. доруҳои қувватбахши асосӣ мебошанд. Дар мавриди истифодаи доруҳои рӯҳафзо хастагӣ то андозае рафъ, қобилияти корӣ барқарор ва табъ болида мешавад. Доруҳои рӯҳнавоз ҳангоми рӯҳафтодагии ботинӣ эътимодбахшанд. Баъзеи онҳо таъсири норадреналин (гормони мағзи ғадуди болои гурда)-ро пурзӯр мекунанд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]