Jump to content

Ангина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ангина
ИхтисосFamily medicine, инфектология, пизишкии гӯшу ҳалқу бинӣ Edit this on Wikidata
Тонзиллити шадид
МКБ-10 J0303.
МКБ-9 034.0034.0
DiseasesDB 12507
MedlinePlus 000639
eMedicine med/1811 
MeSH D014069

Анги́на (аз лот. ango — «буғӣ мекунам»), гулӯдард, заҳрбод, тонзиллити шадид (аз лот. tonsillae) — бемории сироятӣ, ки чун илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мешавад.

Ангина намудҳои зеринро дорад[1]:

  • катаралӣ;
  • фоликулярӣ;
  • лакунарӣ;
  • фибринозӣ;
  • герпетикӣ;
  • флегмонозӣ;
  • захмӣ-некротикӣ;
  • намудҳои омехта.

Ангинаро асосан стрептококкҳое ба вуҷуд меоваранд, ки ба гулӯ аз ашёи рӯзгор (мас., косаву табақи шахси бемор) ворид мешаванд. Гоҳо микробҳои дар гулӯ мавҷудбуда, ки одатан ангинаро намеангезанд, зери таъсири шароити номусоид (мас., хунукӣ ё ногаҳон тағйир ёфтани ҳарорати муҳит) фаъол мегарданд. Баъзе одамон, агар яхмос хӯранд, пояшонро тар ё оббозӣ кунанд, дарҳол ба ангина гирифтор мешаванд. Моддаҳои гуногуни муассир (дуд, чанг, шароб ва ғайра), ҳамчунин мавҷудияти аденоид ё дигар иллатҳои пешгоҳи ком, ки боиси иллати роҳи нафаси бинӣ мегарданд, ба пайдоиши ангина мусоидат мекунанд. Газаки бинӣ ва ҷавфи он (мас., Гайморит), инчунин илтиҳоби ҷавфи даҳон (дандонҳои пӯсида) боиси зуд-зуд хурӯҷ кардани ангина мегарданд.

Ҳангоми ангина гулӯ танг ва хушк шуда месӯзад, вақти фурӯ бурдани туф ё хӯрок дард мекунад, бемор бемадор, cap вазнин ва таб пайдо мешавад. Ангина 7-8 рӯз давом карда, бо шифоёбии бемор анҷом меёбад. Агар бемор ба духтур дер муроҷиат кунад, маслиҳати ӯро ба ҷо наорад ё бо худмуолиҷа машғул шавад, мумкин аст оқибати ангина нохуш гардад. Римхонаи атрофи бодомак (думбали назди бодомак) аз ҷумлаи анҷоми бади ангина аст. Он баъд аз 2 — 3 рӯзи нест шудани зуҳуроти беморӣ пайдо мешавад. Таби бемор якбора баланд (39 — 400С) шуда, гулӯ сахт дард мекунад; бемор обу хӯрок хӯрда наметавонад, даҳонро бо душворӣ мекушояд. Дар аснои тӯл кашидани беморӣ римхонаи назди бодомак васеъ ва гулӯ танг мешавад, нафаскашӣ қатъ мегардад. Хӯроки бемор бояд гуногун ва серғизо бошад. Истеъмоли хӯроки тунду тез, гарму дурушт манъ аст.

Ангина бемории сироятӣ аст, бинобар ин бемор бояд косаву табақ ва сачоқи алоҳида дошта бошад. Шахсе, ки ба бемор нигоҳубин мекунад, бояд дасташро зуд-зуд шуста, онро бо атр, спирт ва ғ. тоза кунад. Косаву табақи беморро 10 — 15 дақ. ҷӯшонда, сарулибоси ӯро алоҳида шустан лозим аст. Ангина дар аксар одамон дар давоми чанд сол гоҳ-гоҳ такрор мешавад. Дар баъзе мавридҳо таъсири иллати бодомакҳо боқӣ монда, газаки шадид ба газаки музмин мубаддал мегардад (ниг. Тонзиллит).

Беҳдошти муҳит, хусусан дар шароити истеҳсолот бартараф кардани чангу ғубор, дуд, таҳти назорати духтур гирифтани ашхосе, ки зуд-зуд гирифтори ангина мешаванд, роҳҳои асосии пешгирии беморианд. Майнӯшӣ ва тамокукашӣ низ ба пайдоиши ангина мусоидат мекунанд. На фақат таъсири никотин, балки таъсири ҳарор. дуд ва маҳсули тақтири хушки тамоку низ боиси илтиҳоби пардаи луобии гулӯ мегарданд. Тамокукашӣ хусусан ҳангоми беморӣ зарар дорад (аксар вақт боиси якбора бад шудани аҳволи бемор мегардад).

  • Самарина В. Н., Сорокина О. ангина, Детские инфекционные болезни, М., 2000;
  • Учайкин В. Ф., Руководство по инфекционным болезням детей, М., 2001;
  • Педиатрия, М., 2006.