Ангурҳои бедона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ангурҳои бедона — навъҳои махсуси ангур, ки ғужбашон тухм надорад.

Навъҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Тақрибан 50 навъи ангурҳои бедона маълум аст, ки маъмултарини онҳо Кишмиш (ба гурӯҳи экологӣ-географии шарқӣ мансуб аст) ва Коринкаҳо (ба гурӯҳи экологӣ-географии Баҳри Сиёҳ тааллуқ доранд) мебошанд. Ангурҳои бедона ғужби майда (ғужби баъзе навъҳои дурага калон аст) ва таъми хуш дошта, хеле ширинанд. Ангурии бедонаро тар мехӯранд, аз онҳо мавиз, май, афшура тайёр мекунанд.

Навъҳо дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон Кишмиши сафед, Кишмиши сиёҳ, Кишмиши сурх, Кишмиши сурхи туркманӣ, Кишмиши хушрӯ, Кишмиши ВИР ва дигар навъҳои ангурҳои бедона парвариш карда мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]