Андреев, Василий Аполлонович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Андреев, Василий Аполлонович
200px
Зодрӯз

1906

Зодгоҳ
Санаи марг

2 феврал 1974(1974-02-02)

Маҳали вафот
Намуди қушун

пиёданизом[d]

Набард/ҷангҳо
Ҷоизаҳо ва мукофотҳо
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Ордени Ленин SU Order of Glory ribbon.svg Медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» SU Medal Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941-1945 ribbon.svg

Васи́лий Аполло́нович Андре́ев (1906 — 2 феврали 1974, Душанбе) — иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945), сержанти калони гвардиячӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1928—1931 дар сафи Армияи Сурх хизмат карда, баъдан дар Тоҷикистон муқимӣ шуд. Ноябри 1941 дар шаҳри Сталинобод ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, дар ротаи 2-юми пулемётчиёни полки 82-юми гвардиягии Севастопол, ки дар ҳайати дивизияи 32-юми гвардиягии орденҳои Байрақи Сурх ва Суворовдори Таман буд, хизмат кардааст. Апрел 1945 дар нимҷазира Земланд дар маҳали аҳолинишини Гаутен қаҳрамонӣ зоҳир намуд. Ба муқобили баталионе, ки ӯ хизмат мекард, гитлерчиён қариб як полки пиёдагардро таҳти ҳимояи тӯпҳои худгард равона карданд. Ҳангоме ки тӯдаи фашистон ба камингоҳи ҷанговарони мо наздик шуданд, Андреев онҳоро бо оташи пулемёт пешвоз гирифт. Дар рафти амалиёт расчёти Андреев ҳуҷуми душманро зада гардонд ва 140 нафар фашистро асир гирифт. Андреев маҷрӯҳ шуда бошад ҳам, то расидани ҷанговарони шӯравӣ истодагарӣ кард. Соли 1945 Андреев аз хизмати ҳарбӣ баргашта, дар ташкилотҳои гуногуни бинокории Душанбе кор кард.

Ордену мукофотҳо[вироиш]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Ҷангӣ, Шараф (дараҷаи III) ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Онҳо Ватанро мудофиа кардаанд (Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ — фарзандони Тоҷикистон), Д., 1985;
  • Герои Советского Союза. Краткий биографический словарь, т.1, М., 1987.

Сарчашма[вироиш]


Пайвандҳо[вироиш]

Hero of the Soviet Union medal.png Игорь Сердюков. Андреев, Василий Аполлонович. Сайти «Герои Страны». 21 май 2015 санҷида шуд.