Андрей Абдувалиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Варзиши сабук
Андрей Абдувалиев
Абдувалиев Андрей.jpg
Абдувалиев Андрей, Устоди шоистаи варзиши ИҶШС
Иттилооти умумӣ
Номи пурра

Абдувалиев Андрей Ҳакимович

Сана ва маҳалли таваллуд

30 июн 1966(1966-06-30) (51 сол)
Ленинград

Шаҳрвандӣ
IAAF

8

Рекордҳои шахсӣ
Гурзпартоӣ

83,46 м

Медалҳои байналмилалӣ
Бозиҳои олимпӣ
Тилло Барселона 1992 гурзпартоӣ
Чемпионатҳои ҷаҳон
Тилло Штутгарт 1993 гурзпартоӣ
Тилло Гётеборг 1995 гурзпартоӣ
Бозиҳои Осиё
Нуқра Бангкок 1998 гурзпартоӣ
Бозиҳои Осиëи Марказӣ
Тилло Тошкант 1995 гурзпартоӣ
Чемпионатҳои Осиë
Тилло Фукуока 1998 гурзпартоӣ
Унвонҳои фахрии варзишӣ

Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС

Андрей Абдувалиев (Абдувалиев Андрей Ҳакимович; 30 июни 1966, Ленинград) — варзишгар, гурзпартои Тоҷикистон ва Ӯзбакистони Шӯравӣ, устоди хизматнишондодаи варзиш. Чемпиони Бозиҳои олимпии тобистона 1992 дар гурзпартоӣ. Чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба варзиши сабук (1993, 1995). Рекорди инфиродӣ — 83,46 м (1990). Чемпиони ИҶШС (1991)[1]. Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС (1992).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1987).

Аз соли 1993 дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад. Пас аз анҷоми касби варзишӣ аз соли 2000 ӯ ҳамчун котиби генералии Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбакистон, сармураббии дастаи мунтахаби миллӣ кор карда истодааст.

Дастовардҳо[вироиш]

Чемпиони Бозиҳои Олимпӣ (Барселона, 1992), чемпиони дукаратаи ҷаҳон (Штутгарт, 1993; Гётеборг, 1995), дорандаи Ҷоми ҷаҳон (Лондон, 1994), соҳиби медали нуқраи Бозиҳои иродаи нек (ИМА, 1990), чемпиони Спартакиадаи халқҳои СССР (1991), чемпиони СССР (1991). Натиҷаи беҳтаринаш дар гурзпартоӣ 83 м 46 см (Сочи, 1990).

Эзоҳ[вироиш]

  1. Газета «Советский спорт», 30 июня 2010, № 94 (18151).

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.