Jump to content

Андрес Бонифасио

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Андрес Бонифасио
Таърихи таваллуд: 30 ноябр 1863(1863-11-30)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 май 1897(1897-05-10)[1] (33 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Дараҷаи илмӣ: self-education[d]
Эътиқод: котулисизм[d]
Ҳизб:
Навъи фаъолият: зиндагиноманавис, сиёсатмадор, Президент, ходими низомӣ
Соядаст соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Андре́с Бонифа́сио-и-де-Ка́стро (исп. Andrés Bonifacio y de Castro; 30 ноябр 1863[1], Тондо[d]10 май 1897[1], Марагондон[d], Лусон[d]) — яке аз роҳбарони ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ ва Қаҳрамони миллии Филиппин.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми фаъолияти худ дар яке аз ширкатҳои англисӣ дар Манила бо ақидаҳои истиқлолхоҳии Х. Рисил ошно шуда, ба Лигаи Филиппин дохил гардид. Ҳамчунин Андрес Бонифасио дар ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ислоҳоти сиёсӣ ширкат дошт. Баъди барҳамхӯрии Лигаи Филиппин бо мақсади сарнигун сохтани низоми мустамликавии Испания дар Филиппин Андрес Бонифасио Анҷумани миллигароии Катипунинро (1892) дар шаҳри Манила таъсис дод, ки соли 1896 шумораи аъзои он ба 100 ҳазор расид. Андрес Бонифасио барномаи Катипунинро бо номи «Даҳ васияти фарзандони ватан» таҳия кард, ки ҳадафи сарнигун кардани низоми мустамликавии Испанияро дар Филиппин дошт. Дар оғози воқеаҳои инқилобии Филиппин (1896) Андрес Бонифасио яке аз сарварони он ба шумор мерафт, вале дар муҳорибаҳои ҳарбии зидди Испания муваффақ нагардид. Минбаъд дар муборизаҳои инқилобӣ яке аз ҳамсафони ӯ Э. Агиналдо шуҳрат пайдо карда, Андрес Бонифасио расмияти президент эълон гардидани ӯро (1897) эътироф накард. Андрес Бонифасио дертар ба ҳукми қатл маҳкум гардид, баъдан ҳукмаш ба маҳбаси доимӣ иваз шуд ва дар зиндон фавтид. Ҳар сол рӯзи 30 ноябр бузургдошти Андрес Бонифасио дар Филиппин таҷлил карда мешавад. Андрес Бонифасио шоир ҳам буд ва аз ӯ осори манзуми ватандӯстона боқӣ мондааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]