Андрич, Иво

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Андрич, Иво
кир. серб. Иво Андрић
лот. серб. Ivo Andrić
S. Kragujevic, Ivo Andric, 1961.jpg
Таърихи таваллуд: 10 октябр 1892(1892-10-10)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 13 март 1975(1975-03-13)[2][3][4][…] (82 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, румоннавис, дипломат, шоир, мақоланавис
Солҳои эҷод: с 1911
Жанр: шеър ва адабиёт
Забони осор: Забони хорватӣ[3], Забони сербу хорватӣ ва Забони сербӣ[2][3]
Ҷоизаҳо:
Order of the Hero of Socialist Labour Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Order of the German Eagle
Имзо: имзо
ivoandric.org.rs
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

И́во А́ндрич (сербӣ: Иво Андрић/Ivo Andrić; 9 октябри 1892, Долас (ҳозира дар Травник), Босния, Австро-Венгрия — 13 марти 1975, Белград, Югославия) — нависандаи сербӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Аз оилаи ҳунарманд. Гимназияро дар шаҳри Сараево хатм намуд. Барои иштирок дар ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ аз ҷониби ҳукуматдорони Австро-Венгрия ба ҳабс гирифта шуд (1914). Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар донишгоҳҳои Загреб ва Вена илми филологияро омӯхт ва ба корҳои дипломатӣ машғул буд.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш]

Ба кори эҷодӣ аз соли 1911 шурӯъ кард. Аввалин китобаш бо номи «Ex ponto» соли 1918 нашр шуд. Андрич давомдиҳандаи анъанаҳои вуқӯъгӯии адабиёти Сербия мебошад; дар новелаҳои солҳои 20 — 30 садаи XX эҷоднамудааш олами ботинии инсони дар натиҷаи нобаробариҳои иҷтимоӣ ба зулму тааддӣ дучоромадаро тасвир намудааст. Андрич дар аксар асарҳояш ба таърихи гузаштаи Босния таваҷҷуҳ кардааст. Беҳтарин романҳои таърихии Андрич «Пули Дрина», «Воқеаномаи Травниска», «Хонум» (ҳар се соли 1945) мебошанд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва баъд аз он ҳам Андрич ба масъалаҳои иҷтимоӣ дахл кардааст. Ба ин масъалаҳо ӯ на танҳо дар асарҳои таърихӣ (повестҳои «Ҳикоят дар бораи фили вазир», 1959; «Ҳавлии манҳус», 1954), инчунин дар осори ба мавзӯи муосири давр бахшидашуда (повестҳо дар бораи ҳаракати партизанӣ — «Зеко», «Дарҳои пӯшида», ҳарду 1950) рӯй овардааст. Дар осори Андрич, муҳокимарониҳои фалсафӣ ва тасвироти авзои рӯҳии қаҳрамонон хеле зиёданд. Ба қалами Андрич инчунин асарҳои танқидӣ-бадеӣ (дар бораи П. Негоше, В. Караджич, рассом Ф. Гойя ва дигарон) тааллуқ доранд. Андрич — дорандаи Мукофоти Нобел (1961).

Эзоҳ[вироиш]

  1. http://www.nobelprize.org/nobel_prizes/literature/laureates/1961/andric-facts.html
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): اوپن ڈیٹا پلیٹ فارم, платформа відкритих даних, платформа открытых данных, plateforme de données ouvertes, piattaforma di dati aperti, Opendata-Plattform, otevřená data platforma, åben-data-platform, տվյալների բաց շտեմարան, platforma za odprte podatke, plataforma de datos abierta, plataforma de dados aberta, платформа адкрытых дадзеных, платформа на отворените данни, platforma otwartych danych, ашық деректер платформасы, ачык маалыматтарды платформа, açıq məlumat platforması, ochiq ma'lumotlar platforma, açık verilerin platformu, платформа отвореног података, platforma otvorenih podataka, platforma otvorenog podataka, platforma otvorených údajov, πλατφόρμα ανοικτών δεδομένων, platformu atklātā datu, platforma atvira duomenų, platvormi avatud andmete, avoimen datan foorumi, nyílt adatok platformja, პლატფორმა ღია მონაცემები, платформа за отворени податоци, нээлттэй мэдээллийн тавцан, platformă de date deschise, platformo de malferma datumoj, open data platform, плятформа адкрытых зьвестак, Усьтэм даннойёслэн платформазы, асыҡ мәғлүмәт платформаһы, açıq malümat platforması, açıq malümat platforması, ачык малюмат платформасы, öppen dataplattform — 2011.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 98. — ISBN 978-2-221-06888-5
  4. Discogs (ингл.) — 2000.

Сарчашма[вироиш]