Анзурат Ҷӯрабекова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Анзурат Ҷӯрабекова
Анзурат Ҳалимбековна Ҷӯрабекова
Санаи таваллуд:

27 сентябр 1949(1949-09-27) (69 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Анзурат Ҳалимбековна Ҷӯрабекова (Тав. 27.09.1949, ш. Душанбе) — омӯзгор. Корманди шоистаи маорифи халқи Тоҷикистон (1977).

Зиндагинома[вироиш]

Дастпарвари Омӯзишгоҳи тиббии ш. Душанбе (1968). Як сол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил намуда, бинобар вазъи оилавӣ ба факултаи психологияи (равоншиносӣ) ИПД ба номи Т.Г. Шевченко таҳсилро давом дода, онро с. 1973 хатм кардааст. Мураббияи кӯдакистони №83 «Бунафша» (1973-1976), китобдор (1977-1985). Аз с. 1985 – омӯзгори фанни педагогогика, равоншиносӣ, анатомия, гигиена дар Колеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Барои такмили ихтисос борҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардааст. Корманди шоистаи маорифи халқи Тоҷикистон (1977). Бо мукофотҳои соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — 184 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6