Аникин, Николай Андреевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Аникин, Николай Андреевич
Зодрӯз

22 январ 1919(1919-01-22)

Зодгоҳ
Санаи марг

18 март 1997(1997-03-18) (78 сол)

Маҳали вафот
Намуди қушун

sapper[d]

Набард/ҷангҳо
Ҷоизаҳо ва мукофотҳо
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурх Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I
Ордени Ситораи Сурх

Николай Андреевич Аникин (1919, деҳаи Кривая Лукаи ноҳияи Шатки, вилояти Рязан — 1997) — арбоби низомии шӯравӣ, майор, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1943).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1936—1939 дар трести бинокории Сталинобод дуредгар буд. Баъд дар заводи чарм кор кард. Соли 1939 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) аз рӯзҳои аввал иштирок намуд. Ноябри 1941 аз шаҳри Вологда ҳамчун фармондеҳи қисми сапёрии баталиони 698-уми сапёрӣ ба ихтиёри фармондеҳии Армияи 27-уми Ҷабҳаи Калинин фиристода шуд. Октябри 1943 ёрдамчии командири взводи сапёрии полки 1318-уми дивизияи 163-юми тирандози Роменск таъйин шуд. 2 октябр дар мавзеи ҷазира Жукови наздикии Киев ҳангоми убури дарёи Днепр қаҳрамонӣ нишон дод. Гурӯҳи Аникин Николай Андреевич зери тирборони душман қариб тамоми ҳайати полкро ба ҷазира гузаронд. Аникин Николай Андреевич дар рафти задухӯрд 17 гитлерчиро нобуд карда, 183 ҷанговарро аз ҷазира ба соҳили рости д. Днепр бурд. Дар чандин амалиёти ҷангии ҳудуди Германия иштирок намуд. Баъди баргаштан аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар сохтмонҳои граждании Москва кор кардааст.

Мукофоту орденҳо[вироиш]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Ҷангӣ, Ситораи Сурх, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1) ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Сечкина Л. П., Фарзандони шарафманди Тоҷикистон, Д., 1968.

Пайвандҳо[вироиш]

Hero of the Soviet Union medal.png В. В. Примаченко. Аникин, Николай Андреевич. Сайти «Герои Страны».

Сарчашма[вироиш]