Анисӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Анисӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (охири асри 16 – нимаи аввали асри 17).

Зиндагинома[вироиш]

Зодгоҳаш Истаравшан. Мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ Анисӣ фарди фозилу донишманд, шоири номвар ва олим, аз аҳли тасаввуфи даврон будааст. Аксар ашъораш мабдаъ ва маънии ирфонӣ доранд. Аз осораш ғазалҳо, қитъаҳо ва абёти пароканда ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Баёти зерин аз ӯст:

Агар Маҷнун ба роҳи ишқ бо ман ҳамсафар мешуд,
Тариқи ишқ медид аз ману девонатар мешуд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]