Анисӣ, Абулҳасани Мирҷон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анисӣ, Абулҳасани Мирҷон

Абулҳасани Мирҷон Анисӣ (соли таваллуд номаълум – вафот тақрибан 1568/69, Бухоро) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино ба маълумоти «Музаккиру-л-аҳбоб»-и Нисорӣ аксар илмҳои замонашро дар назди уламову удабои маъруфи давр омӯхт. Хешу ақрабояш низ аз донишмандони замон будаанд ва дар таълими ӯ саҳм гузоштаанд. Дар фанни шеър ва каломи бадеъ рисолаҳо дош тааст. Мавзӯи асосии ғазалҳояш ишқ аст, вале зимни ғазалиёти ишқӣ ба мавзӯъҳои шикоят аз чархи фалак, давру замон ва ғайра рӯ овардааст. Абёти зерин аз ӯст:

То чархи ҷафопеша маро аз ту ҷудо кард,
Ғамҳои фироқи ту чӣ гӯям, ки чиҳо кард.
Ҳар аҳду вафое, ки фалак баст ба аҳдам,
Дар даври фироқи ту ба он аҳд вафо кард.
Беҳуш фитодем зи боди сари зулфат,
Ин фитнагарӣ дар ҳақи ман боди сабо кард.
Он моҳ насим аз чамани лутф фиристод,
Сад шукр, ки коре ба ҳавои дили мо кард.
То ёфт Анисӣ ба дари дӯст мақоме,
Ҳар шому саҳар рӯй ба даргоҳи Худо кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]