Анкилозаврҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
 Анкилозаврҳо
Ankylosaurus dinosaur.png
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ankylosauria Osborn, 1923

Анкилозаврҳо (лот. Ankylosauria) — як навъ ҷонварони мунқариз.

Дар давраи бӯр зиндагӣ кардаанд. Анкилозаврҳо хазандаҳои калонҷуссаи (дарозиашон 8–9 м) алафхӯр буданд. Танашон паҳн, аз боло бо хор ё сипарчаҳои устухонӣ, ки дар баъзе анкилозаврҳо ба косаи яклухт васл шудаанд, иҳота мешуд. Дар нӯги дум (воситаи ҳимоя аз динозаврҳои даранда) хорҳои тез доштанд. Боқимондаҳои анкилозаврҳо дар ҳамаи материкҳо (ба ғайр аз Австралия ва Антарктида), вале асосан дар таҳнишастҳои бӯри болои Америкаи Шимолӣ, Европа ва Осиё, Қазоқистони Марказӣ, Қизилқум ёфт шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]