Анористон
Зоҳир
(Тағйири масир аз Анористон (деҳа, н. Восеъ))
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Восеъ |
Ҷамоат | Деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3833 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3311 |
Нишонаи почта | 735140 |
Анористон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ. Аз Анористон то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3833 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Анористон бунгоҳи тиббӣ дорад. Мактаб надорад. Кӯдакон дар мактаби деҳаи Меҳнатобод таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғу токдорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Ёхсу обёрӣ мешаванд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Анористон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.