Ансаб, Мансурхоҷаи Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ансаб, Мансурхоҷаи Бухороӣ
Навъи фаъолият: шоир

Ансаб Мансурхоҷаи Бухороӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 19).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тазкиранависон, аз ҷумла Возеҳ дар «Тӯҳфату-л-аҳбоб» аз ӯ чун шоири боистеъдод ёд кардаанд. Аз илмҳои маъмули замонаш, инчунин аз рамл ва ҳисоб воқиф будааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳои Возеҳ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ сабт гардидаанд, ки онҳо асосан аз ғазалиёт иборатанд. Абёти зерин аз Ансаб мебошанд:

Дурри маънӣ ба каф оварданат осон набувад,
Табъи мавзуни хушу фикри муаттар даркор.
Чи гуҳарҳо, ки нашуд ҳосилам аз баҳри хаёл,
На маро орзуи лаълу на гавҳар даркор.
Ҳар кӣ дар дил ҳаваси Кавсару тубо дорад,
Нест моро ба ҷуз он сарви суманбар даркор…
Ансаб аз баҳри тамошои арӯси маънӣ,
Дили покиза, чу миръоти Сикандар даркор.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Айнӣ С., Намунаи адабиёти тоҷик, Д., 2010.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]