Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Антагонизм дар табиат ва ҷамъият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Антагонизм (аз юн.-қад. ανταγωνισμός — «баҳс, мубориза») — яке аз шаклҳои низоъ, рақобат, ки бо муборизаи тезу тунди қувваҳои душман, тамоюлҳо хос аст. Истилоҳ дар маъноҳои гуногун истифода мешавад. Ин як намуди зиддиятест, ки дар он афкор ва фаъолияти тарафҳои муқобил хислати комилан мухолиф дошта, дар баробари инкишоф амиқтар мешавад ва аксар вақт ба низоъ табдил меёбад. Муборизаи байни зиддиятҳои антагонистӣ дар шаклхои тезу тунд сурат мегирад ва одатан бо нобуд шудани яке аз онҳо ба охир мерасад. Ба пурра барҳам додани антагонизм танҳо дар натиҷаи барҳам додани асосе, ки онро ба вуҷуд овардааст, ба даст оварда мешавад.

Хусусан, падидаи антагонизми этникӣ — ҳолати зиддиятнок дар муносибатҳои байни миллатҳо, ки бо зиддияти муносибатҳои ҳам байни аксарияти ҳукмфармо ва ақаллиятҳои алоҳида ва ҳам байни ақаллиятҳои этникӣ хос аст, васеъ паҳн шудааст. Он дар асоси бархӯрди манфиатҳои идеолужӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва динӣ ба вуҷуд меояд. Вай дар сатҳи муносибатҳои байни гурӯҳҳои ҳукмрон ва тобеъи ахолӣ ва дар сатҳи гурӯҳҳои тобеъ зоҳир мегардад.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Економічна енциклопедія.
  • Політологічний енциклопедичний словник / уклад.: Л.М.Герасина, В.Л.Погрібна, И.О.Поліщук та ін. За ред. М.П.Требина.— Х . :Право, 2015
  • Ю. Калиновський . Антагонізм // Політична енциклопедія / редкол.: Ю. Левенець (голова), Ю. Шаповал (заст. голови). — К. : Парламентське видавництво, 2011. — С. 30. — ISBN 978-966-611-818-2.
  • М. Ф.Головатий, О.В.Антонюк Політологічний словник К. : МАУП, 2005—791 с.
  • Ґіденс Е. Соціологія.— К., Основи.— 1999 р.