Антарктика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Харитаи Антарктика

Антарктика — ноҳияи Қутби Ҷанубии кураи Замин, ки қитъаи Антарктида ва хушкиҳои атрофи онро дар уқёнусҳои Атлантик, Ором ва Ҳинд (Уқёнуси Ҷанубӣ), баҳрҳои Уэдделл, Росс, Амундсен ва Беллинсгаузен, инчунин ҷазираҳои Георгияи Ҷанубӣ, Сандвичеви Ҷанубӣ, Оркнейи Ҷанубӣ, Шетленди Ҷанубӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Одатан минтақаи якшавии обҳои сарди ҷанубӣ ва нисбатан гарми шимолиро сарҳади Антарктика мешуморанд, ки он аз мобайни 48° — 60° арзи ҷанбӣ мегузарад. Дар ин ҳудуд масоҳати Антарктика қариб 52,5 млн км2 аст (қисми шимолии онро чун камараи субантарктикӣ ҷудо мекунанд).

Релйеф[вироиш]

Релйефиқаъри Антарктикаро ба ду қисм тақсим мекунанд: хушкӣ ва уқёнусӣ. Сохти морфологии релйефи хушкии Антарктика дар қаъри баҳрҳои атрофаш дар шакли тунукобаи материкӣ идома меёбад. Тунукобаи ин ҷо нисбат ба тунукобаи қитъаҳои дигар чуқуртар (ба ҳисоби миёна то 500 м), вале камбартар (ба ҳисоби миёна аз 300 км зиёд нест; танҳо соҳили баҳрҳои Росс ва Уэдделл то 1200 км) аст. Минтақаҳои дохилии тунукобаи Антарктика релйефи пастубаланд дорад, ки натиҷаи тағйироти навтарини қишри замин аст. Минтақаи берунии он нисбатан ҳамвор буда, ҷо-ҷо баландиҳо дорад. Ин баландиҳо одатан ҷойи баромади ҷинсҳои устуворанд. Тунукобаи материк ба сӯи уқёнусҳо якбора то 4 — 5 ҳазор метр (дар баъзе ҷойҳо то 6 — 7 ҳазор м) паст шуда меравад. Қаъри уқёнусҳои атрофи Антарктика аз ҳамвориҳои аккумулятивӣ, хамиҳои бо баландиҳо иҳоташуда (хамиҳои Африкаю Антарктика, Австралияю Антарктика ва ғайра; баландии Австралияю Антарктика, қаторкӯҳҳои Африкаю Антарктика ва ғайра) иборатанд. Қуллаҳои қаторкӯҳҳои зериобӣ аксар то сатҳи баҳр расида, баъзан берун баромада, ҷазираҳоро ташкил медиҳанд (пайдоиши аксарашон вулқонӣ), масалан, ҷазираҳои Буве, Каргелен, Крозе, Маккуори, Скотт, Ҳерд ва ғайра, ки то 2750 м баландӣ доранд. Дар минтақаи геологии Антарктидаи Ғарбӣ ва Америкаи Ҷанубӣ (байни 20° ва 70° т. ғайра, идомаи зериобии нимҷаз. Антарктида) — қаторкӯҳи Антили Ҷанубӣ даҳҳо ҷазираҳо (мисли шадда) ба назар мерасанд, ки баландиашон то 3000 м мебошад (калонтаринашон ҷазираҳои Георгияи Ҷанубӣ, Сандвичеви Ҷанубӣ, Оркнейи Ҷанубӣ). Қад-қади ҷазираҳои Сандвичеви Ҷанубӣ бо ҳамин ном новаи борике ҳаст, ки ҷойи амиқтарини Уқёнуси Ҷанубӣ (8325 м) дар ҳамин нова мебошад.

Иқлим[вироиш]

Антарктика минтақаи сардтарини кураи Замин аст, чунки ба Қутби Ҷанубӣ радиатсияи Офтоб хеле кам мерасад. Тавозуни радиатсияи ин ҷо манфӣ буда, макони ташаккули антисиклони антарктикӣ мебошад. Ин сиклон болои Уқёнуси Ҷанубӣ бо сиклонҳои дигар ва анбӯҳи ҳавои болои баҳр даромехта ба қитъа мефарояд ва сард гардида боз ба сӯи уқёнус ҳаракат мекунад. Барои Антарктика ҳарор. паст, шамолҳои сахт (дар як сония то 70 м), бӯронҳои барфолуд ва туман ҳодисаҳои муқаррарианд. Сарҳади байни иқлимҳои антарктикӣ ва субантарктикӣ аз болои баҳрҳо мегузарад. Дар ҷазираҳои субантарктикӣ ба туфайли гармигунҷоиши калони массаи об ҳарорати ҳаво қариб як хел аст: ҳарорати миёнаи моҳи гармтарин 10°С, моҳи сардтарин аз 0°С дар ноҳияҳои шимолӣ то — 10°С дар ноҳияҳои ҷанубӣ. Дар назди соҳилҳо фақат барф, вале дар ҷазираҳои шимолӣ борон ҳам меборад. Боришоти солона дар соҳилҳои Антарктида 300—500 мм, дар соҳилҳои шимолӣ ғарбии нимҷазира Антарктида ва ҷазираҳои субантарктикӣ то 1000 мм ва аз он бештар аст. Солҳои охир қабати озонии атмосфераи Антарктика коҳиш ёфта «рахнаи озонӣ»-и бузург ба вуҷуд меояд. Соли 1998 масоҳати «рахнаи озонӣ» бештар аз 26 млн км2, яъне ҳудуди аз масоҳати худи Антарктика зиёдтарро фаро гирифт, ки ин зуҳурот натиҷаи ифлосшавии техногении атм. аст. Антарктика ва ҷазираҳои назди он яхпӯшанд ва «гунбаз»-ҳои пиряхӣ зиёданд. Уқёнуси Ҷанубӣ минтақаи пурталотумтарини Уқёнуси Олам мебошад. Дар ин ҷо баландии мавҷҳои баҳр то ба 10 — 15 м (баъзан то 23 м) мерасад.

Оби баҳрҳо ва яхҳо[вироиш]

Ҳангоми харобшавӣ ва кӯчидани пиряхҳо айсбергҳои бузурги мусаттаҳи мизмонанди аҷоибшакл ташаккул меёбанд. Онҳо аз ҳудуди Антарктика берун намераванд ва дар тунукобаҳо маъво гирифта, ҷазираҳои яхӣ ба вуҷуд меоваранд, ки бо мурури замон шакли гунбазро мегиранд. Антарктика аз Арктика бо он фарқ мекунад, ки дар он яхҳои бисёрсола каманд. Яхпораҳои шинокунандаи ғафсии миёнаашон 1,5 м соҳилҳои Уқёнуси Ҷанубиро аз мавсим то мавсим дар ҳудуди аз 4 млн км2 (тобистон) то 19 млн км2 (зимистон) фаро мегиранд. Яхҳои обшуда ба Уқёнуси Ҷанубӣ рехта ба хосияти оби он таъсир мерасонанд: ҳарорати об то ҳудуди минтақаи якҷошавии антарктикӣ аз −2 то +2 (намакнокиаш то 34 %) ва ҳарорати қабати мобайнии об аз қабати болоӣ ва қаъри он нисбатан гармтар (1 — 2°С) мешавад. Дарозии айсбергҳо то 170 км, баландии онҳо берун аз об то ба 50 м мерасад.

Олами органикӣ[вироиш]

Дар ҷазираҳои Антарктика фақат набототи тундрагӣ паҳн шудаанд: растаниҳои ҳогдор — ушна, гулсанг, обсабзҳо, занбӯруғ ва бактерияҳо. Олами ҳайвоноти Антарктика ниҳоят камбағал буда, намудҳои хоси худро дорост. Олами ҳайвоноти баҳрӣ нисбат ба хушкӣ бойтар аст. Аз бемӯҳраҳо крил (планктони гӯшмоҳишакл) фаровон аст, ки он хӯроки асосии моҳиҳо ва парандаю ширхорҳост. Ҷонварони олами ҳайвоноти қаъри баҳр хеле гуногун аст: кирм, нармбаданҳо ва моҳиҳо. Аз парандаҳо тобистон мурғи тӯфон, албатрос ва ғайра бисёранд. Дар Антарктика пингвинҳо (17 намуд) аз ҳама бештаранд. Аз ширхорҳо белпой ва кит мавҷуданд.

Иқтисод[вироиш]

Дар Антарктика кишварҳои гуногун асосан моҳидорӣ ва туризмро ба роҳ мондаанд. Солҳои 1930 — 50 шикори кит хеле ривоҷ ёфта (1,5 — 2 млн т) шумори он кам гашт. Аз соли 1985 ин ҷониб соле зиёда аз 300 адад кит шикор мешавад. Дар ҷазираҳои Антарктика он вақт тюленро низ шикор карда, баъзе намудҳояшро тамоман аз байн бурданд. Ҳоло шикори онҳо пурра манъ шудааст. Дар Антарктика солҳои 60 асри 20 соле 400 ҳазор т моҳӣ мегирифтанд, ки ин ҳам муносибати ғоратгарона ба захираҳои табиии Антарктика буда, ҳоло миқдори он то 100 ҳазор т маҳдуд карда шудааст. Ба Антарктика соле наздики 6 ҳазор сайёҳ меояд.

Таърихи тадқиқот[вироиш]

Ҷустуҷӯи материки ҷанубӣ дар арзҳои мӯътадил ва кашфи ҷазираҳои антарктикӣ асри 16 оғоз ёфт (А. Веспуччи, 1501 — 02). Аввалин инсонҳои ба Антарктика ба масофаи 200 км наздикшуда баҳрнавардони англис буданд. Онҳо бо сардории Ҷ. Кук солҳои 1772 — 75 саёҳати давродаврии антарктикӣ ташкил карда, ҳангоми роҳгум задан аввал ҷазираи Сандвичеви Ҷанубӣ ва баъд дигар ҷазираҳоро кашф карданд. Баҳрнавардони рус Ф. Ф. Беллинсгаузен ва М. П. Лазарев (январ — феврал 1820) дар киштиҳои «Восток» ва «Мирный» аз масофаи якчанд километр қисми соҳили нимҷазираи Антарктидаро мушоҳида карда, ба он Соҳили Александри I ном ниҳоданд. Ҳангоми ин экспедитсия 28 объект ифшо гашта ба худ номҳои русӣ гирифтанд (масалан, ҷазираҳои Пётри I). Солҳои 1821 — 40 якчанд экспедитсияи шикорӣ ҷазираҳои Тринити, Ҳерд ва Оркнейи Ҷанубӣ, Замини Эндерби, Соҳили Сабрин ва ғайра, солҳои 1838 — 40 экспедитсияи тадқиқотӣ таҳти роҳбарии Ж. С. Дюмон-Дюрвил ҷазира Жуэнвил, қисми соҳили нимҷазира Антарктида ва Антарктидаи Шарқиро (Замини Адели, Соҳили Клари) кашф карданд. Соли 1840 қисми соҳили Антарктидаи Шарқиро Ч. Уилкс кашф намуд, ки номи Замини Уилксро гирифт. Минбаъд киштиҳои шикорӣ ва экспедитсияҳои анлисҳо, америкоиҳо, франсавиҳо ва норвегиягиҳо аксарияти ҷазираҳои Антарктика ва қисми наздисоҳилии материкро кашфу тадқиқ карданд. Охири асри 19, баъди дар Арктика ваҳшиёна қир шудани китҳо, Антарктика боз диққати аҳли оламро ба худ кашид. Солҳои 1900 — 55 (давраи тайёрӣ ба Соли Байналхалқии Геофизикӣ) таҳти парчами Британияи Кабир, Австралия, Аргентина, Белгия, Зеландияи Нав, Норвегия, Иттифоқи Советӣ, ИМА, Франсия, Шветсия, Чилӣ ва Япония даҳҳо экспедитсия ташкил шуд. Дар давоми Соли байналхалқии геофизикӣ (1957 — 58) дар Антарктика ва ҷазираҳои атрофи он 50 пойгоҳи илмии 12 давлати ҷаҳон аз рӯи барномаи солона амал мекарданд. Баъзе аз ин пойгоҳҳо ҳамагӣ 1 — 2 сол кор карда бошанд ҳам, қариб 30 пойгоҳи дигар минбаъд фаъолияти худро идома дода, шумораашон торафт афзуд (ҳоло 45 адад). Ин пойгоҳҳо мунтазам мушоҳидаҳои аэрометеорологӣ, актинометрӣ, геомагнитӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ мебаранд. Экспедитсияи антарктикии советӣ таҳти роҳбарии М. М. Сомов, А. Ф. Трёшников шакли соҳилҳо ва пиряхҳо, ғафсии пӯшиши яхии ҳамвории Шмидт ва ғайраро ташхис кард. Солҳои 1960 — 70 диққати асосӣ ба сохти геологии замини зери ях, обҳои рӯ ва зери ях ва воҳаҳои қитъа равона шуда, таърихи яхбандӣ, релйефи зерияхӣ, кону маъданҳо, сарҳади баҳрҳои нав кашфшуда — Сомов, Лазарев, Рисер-Ларсен, Иттиҳод, Кайҳоннавардон, захираҳои биологии Уқёнуси Ҷанубӣ муайян ва мушаххас гардиданд. Аз 45 пойгоҳи тамоми сол фаъол ва мавсимӣ 5-тоаш (Беллинсгаузен, Восток, Мирний, Новолазаревская, Прог ресс) аз Русия аст. 4 пойгоҳи дигари Русия (Дружная, Ленинградская, Молодёжная, Русская) муваққатан кор намекунанд. Ҳоло дар Русия тадқиқоти илмии антарктикӣ дар доираи барномаи федералии «Уқёнуси Олам» идома дошта, ба таъмини ҳадафҳои геосиёсии кишвар ва иҷрои чораҷӯиҳои ҳифзи табиат, ки дар як қатор санадҳои байналхалқӣ оид ба Антарктика пешбинӣ шудаанд, равона гардидааст. Дастоварди намоёни солҳои охири қутбшиносони Русия иктишоф ва тадқиқи кӯлҳои бузурги зерияхӣ мебошад, ки аҳамияти бузурги палеографӣ дорад. Бо қутбшиносони Русия ҳамкорӣ кардани Тоҷикистон барои илми иқлимшиносӣ, таҳқиқи муҳити зист, мутобиқ кардани инсон ба шароити сард ва ғайра аҳамияти бузург дорад, чунки Тоҷикистон дорои пиряхҳои азим ва минтақаҳои яхбандии доимии иқлимаш монанд ба Антарктика мебошад (дар минтақаи Яшикӯл сардии −69°С ба қайд гирифта шудааст). Антарктика ҳамчун намунаи табиати азалӣ, лабораторияи табиӣ ва муҳити поку беолоиш барои омӯзиши тағйирёбии иқлим ва ё ифлосшавии атмосферӣ (дараҷаи ин ифлосшавиро дар қиёс бо атмосфераи антарктикӣ муайян мекунанд) манбаи бебаҳост.

Вазъи байналхалқию ҳуқуқӣ[вироиш]

Як қисми ҷазираҳои Антарктика (Буве, Каргелен, Крозе ва ғайра) бе баҳс моли давлатҳои алоҳида буда, ҷазираҳои дигар (ғайр аз ҷазираҳои баҳсноки Сендвичеви Ҷанубӣ ва Георгияи Ҷанубӣ) ва қитъаи Антарктида истиқлолияти миллии мувофиқашуда надоранд ва дар доираи Аҳднома оид ба Антарктика (1 декабри 1959 дар Вашингтон қабул шудааст), ки 44 давлати иштирокчии ин аҳднома ба тасвиб расондаанд, идора мешавад. Аҳднома кафили амният дар қитъа буда, дар он бурдани амалиёти ҳарбӣ, озмоишҳои ядроӣ, гӯр кардани партовҳои радиоактивиро манъ мекунад; барои бурдани тадқиқоти илмӣ шароит фароҳам меоварад, ба системаи экологии Антарктика расондани таъсири техногениро маҳдуд мекунад ва ғайра Ин талабот бо се паймони байналхалқӣ, ки якеаш Протоколи Мадрид (1991) мебошад, тақвият ёфта, азхудкунии захираҳои минералии Антарктика ро манъ ва ҳар гуна фаъолияти ба муҳити атроф таъсиррасонандаро баҳогузорӣ мекунад. Ҳадафи асосии Аҳднома истифодаи Антарктика бар нафъи тамоми инсоният аст. Давлатҳои иштирокчӣ ҳар сол оид ба риояи талаботи Аҳднома машварат мегузаронанд, ҳамкориҳо ва бурдани фаъолияти илмӣ ё тиҷоратиро дар минтақа танзим мекунанд. Баъзе мамлакатҳои ҷаҳони сеюм бо баҳонаи он, ки Антарктика ба системаи ҳуқуқии СММ ворид нест, эътирофи Аҳдномаро зери шубҳа қарор медиҳанд. Ҳафт давлат — Австралия, Аргентина, Зеландияи Нав, Норвегия, Британияи Кабир, Франсия, Чилӣ ҳар сари чанд вақт даъвои соҳиб шудан ба ҳудудҳои Антарктикаро мекунанд. Русия ва ИМА ин даъвоҳоро эътироф намекунанд ва дар ин масъала диду талаби хешро пеш мегузоранд. Тақдири минбаъдаи Антарктика ба муносибати байниҳамдигарии давлатҳо, ҳадафу мароқи онҳо ба ин минтақа ва вазъи сиёсию иқтисодии тамоми ҷаҳон вобаста аст.

Адабиёт[вироиш]

  • Антарктика: материалы по истории исследований и физической географии, М., 1958;
  • Трешников А. Ф., Антарктика: исследования, открытия, Л., 1980;
  • Голицын В. В., Антарктика: тенденции развития режима, М., 1989;
  • Котляков В. М., Мир снега и льда, М., 1994;
  • Новая Российская Энциклопедия, т. 2, М., 2005.

Сарчашма[вироиш]