Антропологияи фарҳангӣ

Антропологияи фарҳангӣ, инсоншиносии фарҳангӣ, мардумшиносии иҷтимоӣ — ба омӯзиши фарҳанг ва ҷомеаи инсонӣ мепардозад. Дар инсоншиносии фарҳангӣ тафовутҳо ва шабоҳатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаҳои гуногун баррасӣ мешаванд.
Мардумнигорӣ (Ethnography) ва қавмшиносӣ (Ethnology) ба тартиб ин ду ҷанба кори инсоншиносии фарҳангиро анҷом медиҳанд. (баъзан антропологияи иҷтимоӣ ё иҷтимоӣ-фарҳангӣ) — илм дар бораи фарҳанг ҳамчун маҷмӯи объектҳои моддӣ, ғояҳо, арзишҳо, тасаввурот ва моделҳои рафтор дар ҳама шаклҳои зуҳур ва марҳилаҳои таърихии рушди он мебошад[1]. Дар фаҳмиши соддатар, антропологияи фарҳангӣ ба омӯзиши рафтори инсон ва натиҷаҳои фаъолияти ӯ машғул аст.
Ҳамчун фанни мустақил дар охири асри XIX — аввали асри XX асосан дар ИМА ташаккул ёфтааст. Намояндагони асосӣ: Франс Боас, Бронислав Малиновский, Алфред Радклифф-Браун, Эдуард Тайлор, Клод Леви-Стросс ва Клиффорд Гиртс. Дар ИМА мафҳуми «антропологияи фарҳангӣ» ва дар Британияи Кабир «антропологияи иҷтимоӣ» истифода мешавад.
Робита бо этнология ва этнография
[вироиш | вироиши манбаъ]Масъалаи робитаи антропологияи фарҳангӣ бо этнология баҳснок боқӣ мемонад. Чор нуқтаи назари асосӣ мавҷуд аст:
Этнология ва антропологияи фарҳангӣ мафҳумҳои синонимӣ мебошанд.
Антропологияи фарҳангӣ нисбат ба этнология мафҳуми васеътар аст.
Этнология нисбат ба антропологияи фарҳангӣ васеътар аст (ин назар бештар дар илми Русия маъмул аст).
Антропологияи фарҳангӣ ҷанбаҳои фарҳангии башариятро меомӯзад, этнология бошад — этносҳои алоҳида ва умумиятҳои этникиро.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Агар гипотезаи синоним будани антропологияи фарҳангӣ ва этнологияро қабул кунем, замони пайдоиши он солҳои 1830 — аввали 1840 ҳисобида мешавад. Истилоҳи «антропология» дар Ғарб аз аввали солҳои 1870 мустаҳкам шуд ва аллакай соли 1884 дар Оксфорд таъдриси он оғоз ёфт.
Давраҳои асосии рушд
[вироиш | вироиши манбаъ]Антиқа: Демокрит ва Лукретсий аввалин консепсияҳои антропососиогенезро таҳия карданд. Гиппократ ғояи вобастагии равонӣ-иҷтимоиро аз муҳити ҷуғрофӣ пешниҳод кард.
Асрҳои XVI—XVIII: Дар робита ба Кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ таваҷҷуҳ ба антропология афзоиш ёфт. Консепсияи «ваҳшии хушбахт» (Мишел де Монтен, Жан-Жак Руссо) пайдо шуд.
Асри XIX: Пайдоиши эволютсионизм, ки фарҳангро ҳамчун гузариш аз шаклҳои содда ба мураккаб мебинад (Эдуард Тайлор, Ҷеймс Фрэзер).
Функсионализм
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аввали асри XX функсионализм пайдо шуд (Б. Малиновский, А. Радклифф-Браун). Хусусияти он дар он аст, ки фарҳанг ҳамчун як сохтори ягона ва комил баррасӣ мешавад, ки ҳар як унсури он вазифаи муайянеро иҷро мекунад. Малиновский фарҳангро ҳамчун маҷмӯи посухҳо ба ниёзҳои асосии инсон (ғизо, такрористеҳсол) ва ниёзҳои ҳосилшуда (иқтисод, маориф) медонист.
Антропологияи фарҳангӣ дар Русия
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Русия ин илм дар аввали солҳои 1990 дар заминаи этнография, фолклоршиносӣ ва психологияи кӯдакон ташаккул ёфт. Хусусияти фарқкунандаи антропологияи фарҳангии Руссия такя ба маводи ватанӣ ва фарҳанги русӣ мебошад (бархилофи Ғарб, ки бештар маводи мустамликавиро меомӯхт). Намояндагони маъруф: Мария Осорина, Сергей Неклюдов, Сергей Борисов.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Терешкович П. В. Антропология культурная // Новейший философский словарь: Энциклопедия / Сост. А. А. Грицанов. — Минск, 1998. — С. 896.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Васильев М. И. Введение в культурную антропологию: Учебное пособие. — Новгород Великий, 2002.
- Белик А. А. Культурная (социальная) антропология. Учебное пособие. — М.: РГГУ, 2009.
- Леви-Стросс К. Структурная антропология. — М., 2001.